МУВАФФАҚИЯТФарогирӣ муасссисаҳои томактабӣ 16%. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ...

Фарогирӣ муасссисаҳои томактабӣ 16%. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ кумак мекунад?

-

Соли 2023 дар Тоҷикистон таъсиси 25 муассисаи томактабии хусусӣ дар назар аст.

Мақомоти дахлдори Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкоронро дар самти таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ омӯхта, пешниҳоди ҳукумат кунанд.
«Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 39 Маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият менамояд.», — хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Оё кӯдакони минтақаҳои дурдаст ба кӯдакистонҳо дастраси доранд?

Ҳамасола дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ боғчаву кӯдакистон месозанд, аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё кӯдакони минтақаҳои дурдаст ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд? Зеро, теъдоди кӯдакон дар рустоҳо бештаранд. Асосан дар деҳот тарбияи кӯдакон бар дӯши модарон аст. Лекин аз сабаби дар деҳа зиёд будани кор, волидайн наметавонанд вақти худро ба тарбияи фарзандон сарф намоянд. Бинобар ин, барои таъмини кӯдакон бо боғча ва кӯдакистонҳо солҳои зиёд лозим аст.

Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 5 соли охир (2017-2021) теъдоди навзодон дар ҷумҳурӣ 1 231 800 (аз синни 1 то 5-сола ) мебошад, ки аз ин 101170 нафарашон дар кӯдакистон фаро гирифта шудаанд.

Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 10186 корманд (мушовирон, омӯзгорон, муррабиён, ёвари муррабиён) фаъолият доранд, ки аз диаграмаи зерин дида метавонед.

Аз соли 2014 то соли 2021 дар ҷумҳурӣ 146 кӯдакистон сохта ба истифода дода шудааст, аммо ин миқдор тамоми кӯдакони синни томактабиро фаро гирифта наметавонад. Аз ин бармеояд, ки сохтмони кӯдакистонҳо бо ҷалби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва сармоягузориҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад ва ин имкон фароҳам меорад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон барои густариши фаъолияти кӯдакистонҳо Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ то соли 2027 амалӣ мекунад.

Тибқи натиҷаҳои ба дастомада, мо ба чунин хулоса омадем, ки ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҷумҳурӣ ба як кӯдакистон 145,4 нафар кӯдак рост меояд. Далели гуфтаҳоро дар графикаи мазкур дида метавонед.

Зичии кӯдакон дар кӯдакистонҳо дар миқёси ҷумҳури аз ҳама кам дар ВМКБ буда, яъне ба як кӯдакистон тақрибан 80 кӯдак рост меояд. Ин рақамҳо дар шаҳри Душанбе баръакс мебошад, ки ба як кӯдакистон 201 кӯдак таълим мегирад.

Агар сохтани кӯдакистонҳоро сол ба сол нигоҳ кунем ба ҳисоби миёна дар 1 сол 22 кӯдакистон сохта ба истифода дода мешавад. Чӣ тавре дар боло зикр кардем, агар ба як кӯдакистон 145 нафар кӯдак рост меояд. Пас хулоса кардан мумкин, ки дар як сол дар Ҷумҳурӣ 3190 кӯдакон бо кӯдакистон таъмин мешавад. Дар баробари он ки аз соли 1991 то соли 2021 дар Тоҷикистон 696 кӯдакистонҳо сохта, ба истифода дода шуданд, аммо ин миқдори кӯдакистонҳо барои таъмин намудани кӯдакон кофӣ нест. 

Мувофиқи маълумоти сомонаи countrymeters дар соли 2022, дар Тоҷикистон 305 977 нафар кӯдак таваллуд шудааст. Бо суръати баланд афзоиш ёфтани аҳоли ва суръати сохташавии кӯдакистонҳо фоизи таъминот бо кӯдакистонҳо сол аз сол кам шудан мегирад, чун суръати афзоиши аҳолӣ назар ба суръати бунёди кӯдакистонҳо зиёдтар аст.

Акси асосӣ аз шабакаи интернет

Мирзо Назаров

Муқаддас Ҳомидҷонова

хатмкунандагони «Data Journalism School JMBpictures»

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад