МУВАФФАҚИЯТФ. Сангинов: аз “Территория юмора” пули зиёд намеёбему лекин...

Ф. Сангинов: аз “Территория юмора” пули зиёд намеёбему лекин барои пул якдигарро намефурӯшем!

-

Ширинкори ҷавон Фаррух Сангинов барои мухлисони ҷавонтари  ҳаҷву ханда симои ошност. Ӯ аввал дар маҳфилҳои хушдилон (КВН), ки ҳар сол  байни муҳассилини  макотиби  шаҳру навоҳии вилояти Суғд доир мешуд,  ҳунарнамоӣ карда, маҳораташро нишон дод. Замони донишҷӯӣ низ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун иштирок  мекард. Comedy Шоу” яке аз лоиҳаҳои муваффақи онҳост, ки баъдтар номи “Территория юмора”-ро касб кард.

То чанд соли пеш дар Хуҷанд 3 лоиҳаи ҳаҷвӣ амал мекард.  Аз ҷумла,  “Comedy Шоу” , “Tajik – шоу”  ва “Дигар — шоу”, ки бо барномаҳои хеш фазои холиро пур мекард. Баъди чанде муассиси Телевизиони маҳалии  “Азия” ҷавонони боистеъдоди ин гурӯҳҳоро, ки дар “КВН” аз худ дарак дода буданд, ба ҳам оварда, идеяи  лоиҳаи  “Теротроия юмора”-ро ба миён мегузорад. Ҷавонон ин ташаббусро хуш мепазиранд. Якчанд вақт ин гурӯҳ дар қаҳвахонаҳои шаҳри Хуҷанд намоишҳо барпо мекунанд. Бо гузашти чанд вақт  гурӯҳи “Tajik – шоу”  тасмим мегирад, ки фаъолиятро дар алоҳидагӣ пеш барад… Ҳоло ҳайати гурӯҳҳои Comedy Шоу” ва “Дигар — шоу”-ро лоиҳаи “Территория юмора” муттаҳид менамояд.   

Гурӯҳи эҷодии “Территтория Юмора”-ро Фарррух Сангинов, Абдуҳамид Шодиев, Шерзод Рӯзиев,  Далер Комилов, Баҳром Валиев  ва чанд нафари дигар комил мекунанд.

“Аксарият ба ин боваранд, ки идеяи таъсиси “Территория юмора”  аз “Comedy Club” – и  телевизиони “ТНТ” гирифта шуда бошад. Аммо Фарррух Сангинов ба ин андеша розӣ нест.

“Албатта, сатҳи онҳо аз мо хеле баланд аст.  Ба қавӣ будани  ҳайати “Comedy Club” мо қоилем. Онҳо ба ҷуз шароити молию техникии хуб  инчунин сенариянависони касбӣ доранд. Қариб ҳар ҳафта саҳнаҳои хуб тайёр мекунанд. Онҳо чаҳорчӯбаи эҷодӣ надоранд, барои ҳамин онҳо зӯранд. Дар саҳнаҳои онҳо баъазан ҳақорат, фаҳш ва боз чизҳои дигар ҳам ҳаст, ки мо онро надорем ва роҳ ҳам нахоҳем дод. Чунки фарҳанги мо инро намепазирад. Мардуми мо аҳли оилаашон “Comedy Club” — ро наметавонанд якҷо тамошо намоянд. Мо ҳаракат мекунем, ки саҳнаҳои моро оилаҳо тамошо карда тавонанд.”, — мегӯяд Фаррух Сангинов.

Ба бовари Фаррух Сангинов, бидуни сенариянависи касбӣ пеш бурдани фаъолият барояшон мушкил аст:

-Мо худамон сенария менависем. Масалан, якҷо болои ягон идеяе, ки аз ҷониби ҳайати гуруҳ пешниҳод шуд, фикр мекунем. Агар дар ин ё он саҳна    ҳама ба ханда оем, ба сенария   менависем. Проблемаҳои ҳаррӯзаи сокинон, аз ҷумла, болорави нархи газу бензин, барқкушӣ,  қимати молу маҳсулот ва дигар чизҳо  бисёр вақт мавзӯи саҳнаҳои мо   мешавад.  “Ҳа, мана, дарди дили моро гуфт”, — гӯён мардум ба мо бисёртар наздик мешаванд. Масалан,  саҳначаи “Шумо аз Худо наметарсед мӣ?”, ки дар бораи барқкушӣ буд, тамошобин хеле хуш қабул карда буд. То ҳозир ин саҳна дар ёди мардум мондааст. Албатта,  боз ягон қиссаҳоро аз забони мардум  мешунавем, ё шоҳиди воқеаҳо мешавему болои он кор карда, рӯйи саҳна меорем.

Аз Фарррух Сангинов суол кардем, ки чаро “Территория Юмора” бештар дар вилояти Суғд фаъол асту консертҳои зиёдро дар ин ҷо баргузор мекунад.  Посухи ӯ чунин буд: 

“Ду бор дар Душанбе низ консерт гузоштем. Аввал  дар ҳамон манзили зисти худ бояд туро шиносанд. Дар ғайри сурат машҳур ва шинохта нахоҳед шуд. Мо бо  он  тамошобиноне, ки дар Ютуб ва дигар шабакаҳо моро пайгирӣ мекунанд, ҳаракати наздиктар шудан дорем. Нақша дорем, ки дар Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, ва Душанбею дигар минтақаҳо консперт баргузор намоем. Баъазе вақт шӯхиҳое, ки дар Хуҷанд мекунем, ба дитгар маҳалҳо  нофаҳмост ё писанд намеояд. Бинобар ин, пеш аз гузоштани консерт дар дигар минтақаҳо мавзӯю масъалаҳои муҳими он ҷойҳоро меомӯзем. Баъд саҳнаҳои ба дили онҳо наздик пешниҳод мекунем.  27 декабр дар Маскав консерт дорем.»

Нақшофарии Фаррух Сангинов  дар силсилафилми “Мигранты” нишон дод, ки маҳорати хуби актёрӣ дорад…

Акс аз лаҳзаи банаворгирии филми «Мигранты»

Фаррух Сангинов аз он хурсанд аст, ки дар байни бачаҳои  “Территория юмора” ҳамдигарфаҳмӣ ҳаст. То ҳол дар кори муштараки онҳо нофаҳмӣ ба вуҷуд наомадааст:

“Гурӯҳҳое ҳастанд, ки баъди як ё ду соли фаъолият пароканда мешаванд. Хушбахтона, гурӯҳи мо 5 сол боз кор карда истодаст. Агар ман бо оилаам 8 соат вақт гузаронам, бо бачаҳои гурӯҳ 14 -16 соат вақт сарф мекунам.  Бисёр вақт то соатҳои 1 – 2  — и шаб  кор мекунем. Натанҳо масъалаи кори лоиҳа, ҳатто мушкилоти хонаводагии худро ҳам бо маслиҳати  якдигар ҳал мекунем. Мо аз лоиҳаи “Территория юмора” маблағи зиёд намеёбем. Барои ҳамин ҳамаамон дар дигар ҷой кор мекунем. Лекин ҳеҷ гоҳ барои пул якдигарро намефурӯшем. Бовар дорам, ки чунин мемонем.”

 Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад