ОЛАМИ МАҶОЗӢДар кадом ҳолат Русия туро ба артишаш ҷалб мекунад?

Дар кадом ҳолат Русия туро ба артишаш ҷалб мекунад?

-

Нафаре, ки душаҳрвандӣ дорад, ӯҳдадории ҳарбиро дар кадом кишвар адо мекунад: дар кишваре, ки ба дунё омодааст ё давлате, ки ҷойи истиқомати доимиаш аст?
Агар як ҷавон, ки аллакай 27-сола асту дар Тоҷикистон дигар ба хидмат ҷалб намегардад, дар кишвари дигар, ки шаҳрвандии онро дораду (дар мисоли Русия) синни даъват болост оё ҷалб мешавад?

Ин навбат ба ин суолҳо посӯх ҷустем, ки барои муҳоҷирон фикр мекунем, донистан муҳим аст.

Ба таъкиди ҳуқуқшинос, синни даъват дар Русия то 30-солагист. Яъне, нафарони душаҳрвандидоштае, ки дар ин кишвар иқомати доимӣ доранд ба артиши ин давлат ҷалб мешаванд. Вале дар асоси сафарбаркунӣ ё мобилизатсия вобаста ба муноқишаи низомии Русияву Украина шаҳрвандонеро, ки алакай хизмат кардаанд ва соҳиби ягон касби ҳарбӣ гардидаанд, онҳоро метавонанд то 35-солагӣ дубора сафарбар кунанд. Агар шаҳрванди Тоҷикистон бошеду дар асоси патент кор кунед, Русия ҳақ надорад шуморо ба хидмати ҳарбӣ даъват кунад. Пас, дар Русия шуморо бо роҳи фиреб ба хидмат ҷалб кардан хоҳанд, қонунгузории Тоҷикистон Шуморо ҳамчун зархарид баҳо медиҳад.

Ҳуқуқшинос Дилрабо Самадов, мегӯяд, дар шабакаҳои интернетӣ наворҳое паҳн мешавад, ки дар он муҳоҷирони меҳнатӣ мегӯянд, онҳоро ба ҳар роҳу восита, бо фиреб, бо зархаридӣ ба артиш ҷалб карда истодаанд. Агар онҳо шаҳрвандӣ ва санади истиқоматии доимии Русияро надошта бошанду ба артиши Русия ҷалб шаванд онҳо ҳамчун зархарид эътироф шуда, тибқи Кодекси ҷиноии ҶТ, модаи 401 ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Новобаст аз онки аз кадом тараф иштирок мекунад-Русия ё Украина.

Маълумоти бештар эксплейнери мо:

Акси асосӣ аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
8
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад