МУВАФФАҚИЯТАз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони...

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

-

Кулолгар Шариф Бобоев ба авонони дорои синдроми Даун ҳунари кулолгариро меомӯзад. Аксҳо аз муаллиф

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад. Ҳамроҳи вай боз 4 тан ҷавони дигар, ки ҳамқисмати ӯст, ҳунаромӯзӣ менамоянд. Онҳо ҳафтае як бор ба ин даргоҳ омада, сохтани асбобҳои сафолиро меомӯзанд. Дар ин кори хайр ба онҳо Ташкилоти ҷамъиятии “Назари дигар” кумак кардааст.

«Ман руҳболида мешавад вақте кор мекунам. Кӯзача, табақча, косача ва пиёла месозем. Дар як моҳ то 8 кӯзача тайёр мекунам. Барои корам маош ҳам мегирам. Аввал маҳсулотро месозем, баъд он хушк мешавад. Пас аз он онро ранг мекунем.», — нақл кард Муҳсинҷон.

Модари ӯ Муҳтарам Бегматова аз рушди фарзандаш хушҳол аст. Ба гуфтаи модар, машғулияти кулолгарӣ дар рушди равонӣ ва иҷтимоии Муҳсинҷон таъсири мусбат мегузорад.

«Муҳсинҷон писари меҳрубон ва хушахлоқ аст. Гапро хуб гӯш мекунад, озода аст ва дили соф дорад. Аз уҳдаи корҳои рӯзмарра баромада метавонад. Табиатан шӯх аст ва бо одамони наздик ҳазлу шӯхӣ мекунад. Вақте бо дӯстонаш дар машғулият иштирок мекунад, боз ҳам хушҳолтар мешавад. Ҳар ҳафта, рӯзи панҷшанбе, мо ба ҳавлии кулолӣ меоем. Тақрибан якуним соат машғулият мегузарад. Ӯ хотираи хуб дорад ва ҳар рӯз нақл мекунад, ки рӯзаш чӣ гуна гузаштааст. Ҳоло дасташ ҳам ба кор рост шудааст. Масалан, ҳамин ҳафта як кӯзача сохт. Ба гуфтаҳои устод бодиққат гӯш дода, кӯшиш мекунад ҳама супоришҳоро дуруст иҷро намояд. Вақте дар машғулият бо усто ва дигар дӯстонаш вомехӯрад, табъаш болида шуда, худро хеле хуб ҳис мекунад.», — афзуд модари қаҳрамони мо.

Тавре Маҳбуба Қаюмова, корманди Ташкилоти ҷамъиятии «Назари дигар», ки ҷавонони гирифтори синдроми Даунро ба омӯзиши кулолгарӣ ҳамроҳӣ мекунад, гуфт, ҳадафи ташаббус  фароҳам овардани имкони омӯзиши касб ва мутобиқшавии иҷтимоии ҷавонон аст.

«Мо барои ҷалби ҷавонони дорои синдроми Даун ба ҷомеа ва рушди малакаҳои мустақили зиндагии онҳо кумак мекунем. Ду сол пеш лоиҳаи омӯзиши кулолгариро оғоз кардем. Барои чунин ҷавонон пайдо кардани ҷойи кор осон нест. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳунари кулолгарӣ як шуғли дӯстдошта ва ҳам манбаи даромади онҳо шуда метавонад.  Айни ҳол панҷ нафар ҷавони дорои синдроми Даун дар ин лоиҳа иштирок карда, ҳунари кулолгариро меомӯзанд.», — иттилоъ дод Маҳбуба Қаюмова.  

Рассом ва кулолгари ҳирфаӣ Шариф Бобоев, ки дар ҳавлии кулоли Қалъаи Хуҷанд фаъолият дорад,  аз пешрафти шогирдонаш қаноатманд аст.

“Бачаҳо имрӯз аллакай пиёла, кӯзачаву табақча месозанд.  Онҳо ду сол боз кулолгарӣ меомӯзанд. Дасташон ба кор хеле рост шудааст. Як бор тарзи иҷрои корро нишон диҳам, қадамҳои баъдиро мустақилона иҷро мекунанд. Вақте лойро ба шакли зарфе медароранд, маҳсулотро   мехушконем ва барои пухтани аввал ба печ мегузорем. Дар ҳарорати тақрибан 700 дараҷа сафол пухта, ранги сафед мегирад. Баъд ба он нақшу нигор кашида, бо сир (глазур) нақшу нигор кашида, бори дигар дар ҳарорати баланд мепазем. Мо талош мекунем, ки қобилият ва истеъдоди онҳоро боз ҳам рушд диҳем, то дар оянда тавонанд мустақилона фаъолият кунанд”, — нақл кард устои кулолгар.

Қаҳрамони мо — Мӯҳсинҷон Исматбоев ҳавасҳои содаву самимӣ дорад. Яке аз орзуҳояш ҳунари кулолгариро ба хубӣ омӯхтану аз дастранҷаш пул кор кардан ва ниҳоят рӯзе соҳиби оила шудан аст.

Файзуллохон Обидов, махсус ба Jom.tj

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Jom Tojikiston (@jomtojikiston)

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад