ОЛАМИ МАҶОЗӢТролҳо-девсириштҳое, ки озор додан мехоҳанд. Ҷавоби мо чӣ гуна...

Тролҳо-девсириштҳое, ки озор додан мехоҳанд. Ҷавоби мо чӣ гуна бояд бошад?

-

Тасаввур кунед, ки  як мавзӯи муҳимеро дар интернет муҳокима доред, масалан, мактабу таҳсилоту соҳаи маорифро. Вале дар шарҳ нафаре мавзӯро ба сӯйи дигар мекашаду манъи таҳсили духтаронро баҳс мекунаду ба таҳқир мегузарад.

Ин троллинг аст! Бо ин тавзеҳот, мо метавонем “троллинг”-ро дар маҷмӯъ ба маънои дидаву дониста вайрон кардани баҳсу муҳоқимаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади барангехтани эҳсосоти корбарон ва пешбурди ҳама гуна аксуламалҳо таъриф кунем.

Тасвири Трол. Манбаъ: шабакаи Интернет

Дар устураҳо ва ривоятҳои Скандинавия троллҳо бузургҷуссаҳое ҳастанд, ки душмани  башар гуфта мешаванд. Зеро, троллҳо табиатан дар ҷустуҷӯи бадӣ ҳастанд. Айни ҳол бархеҳо дар интернет мисли девҳои ривоятҳои Скандинавия корашон бадӣ ва зарар расондан ба одамон аст. Чаро онҳо меафзоянд?

Зеро, ҷаҳони пурасрори Интернет барои одамон шароити беҳтареро фароҳам меорад ва ошкор кардани онҳо мушкил аст. 

Троллинг метавонад таъсири манфии зиёде ба руҳу равони шумо расонаду боиси бехобӣ, депрессия, худбаҳодиҳии паст гардад. Зеро, троллҳо паёмҳои хашмгинро барои вайрон кардани ҳолати равонии шумо ва халалдор кардани баҳсҳои созанда истифода мебаранд. Роҳи дигари муайян кардани троллҳо хеле осон аст. Вақте ки троллҳо як вокуниши эҳсосотии касеро ҳис мекунанд, кушиш мекунанд бештар озораш диҳанд. Инчунин, троллҳоро бо даъвоҳои аҷибашон муайян кардан мумкин аст. Онҳо одатан ҳама мавзӯро метавонанд ба масхара кашанд то дар ниҳоят аз як иштирокчии баҳс посухи эҳсосотӣ гиранд.

Срач. Манбаъ: Интернет

Срач ва Ҳоливер (Ҳоливар) навъи дигаре аз беадабӣ ва бадрафторӣ дар олами маҷозӣ ҳаст. Срач яке амали номуносиб вале паҳнгашта дар интернет аст. Аз муҳокимаи маъмулӣ бо он фарқ мекунад, ки иштирокдорони он одатан ба таҳқири шахсиятҳо мегузаранд. Гӯё  сӯйи якдигар ахлот мепартоянд ва гоҳо ба таҳдидҳои воқеӣ мегузаранд. Срач то он даме, ки дар тарафҳои иштирокчӣ баҳс мекунанд ва ё то даме, ки маъмурияти саҳифа ё гурӯҳ дахолат карда, нисбати иштирокчиёни срач чораҳои муайяне ҷорӣ накунад, давом кардан мегирад.

Намунаи муборизаи Ҳоливар дар тасвир. Манбаъ: Интернет

Ҳоливерро “Ҷанги муқаддас” мегӯянд. Одамон метавонанд бо ҳамдигар тавре ба ҳам дарафтанд, ки гӯё дар чунин ҷангҳо қарор доранд. Давомнокии ин “ҷангҳо” дар шарҳҳо, дар форумҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ моҳҳо ва солҳо метавонад давом кунад. Мухолифон танҳо мавқеи худро дуруст меҳисобанд ва онро тағйир намедиҳанд, ҳатто агар тарафи дигар бо далел фикри худро асоснок кунад. Мутаассифона, иштирокчиёни ҳоливар аксар вақт ба ҷойи баҳси мантиқӣ ба таҳқир мегузаранд. Дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба ин ҳолат чӣ бояд кард?

1. Маҳз ба ҷои хашмгин шудану ҳимоят аз худ, ором будан посухи дандоншикан ба троллҳост. Дар ин сурат тролҳо аз озори шумо даст мекашанд. Тролҳо нафароне ҳастанд, ки талош мекунанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ низоъ, зиддият ва баҳсҳоро ба вуҷуд оранд.

2. Агар шумо дар ин ё он гуруҳи фейсбукӣ, телеграм ва дигар шабакаҳо тролро пайдо кунед, дар ин бора ба маъмури гурӯҳ хабар диҳед то ӯро аз гуруҳ берун кунаду аъзои гуруҳро аз шарраш халос!

3. Роҳи дигар ин аст, ки ба троллҳо аҳамият надиҳед. Ҳеҷ гоҳ бо тролл баҳс накунед. Зеро, вақте шумо бо онҳо баҳс мекунед, шумо онҳоро гӯё ғизо медиҳед, зеро, ягона чизе, ки тролл дар ҷустуҷӯи он аст, таваҷҷӯҳ мебошад. Акнун, ки шумо дар бораи троллинг ва троллҳо маълумот гирифтед ва медонед, ки дар сурати рӯ ба рӯ шудан дар интернет бояд чӣ кор кунед. Агар мехоҳед, ки дӯстону дигар ҳамсолонатон низ дар ин бора бештар донанд, навори моро ба онҳо ирсол кунед, гузоштану лайку навиштани шарҳро фаромӯш насозед!

Дар эксплейнери зер бобати троллинг, срач ва ҳоливер бештар бидонед:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад