МУВАФФАҚИЯТҶарроҳии дугоникҳои сиамиро дар Тоҷикистон кӣ анҷом дод? (Видео)

Ҷарроҳии дугоникҳои сиамиро дар Тоҷикистон кӣ анҷом дод? (Видео)

-

Шоҳин Раҳмонов аз тарафи чапи кати навзод. Бо хилъати сафед ва бидуни кулоҳ

Бори аввал дар Тоҷикистон ҷароҳиии кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ” гузаронида шуд. Ҷароҳии мазкурро Шоҳин Раҳмонови 36-сола анҷом дод.

Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд. Яке аз навзодон (ҷинсаш писар) фавтида буд, ҳолати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст.

Шоҳин Раҳмонов дар утоқи корӣ

Шоҳин Раҳмонов зодаи ноҳияи Варзоб буда, соли 2009 Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, соли 2014 давраи аспирантураро бо ихтисоси «ҷарроҳи кӯдакон» дар донишгоҳи мазкур ба поён расонд. Ӯ дар мавзӯи «Ташхис ва табобати апендисити шадид бо усули эндовидеочарроҳӣ дар кӯдакон» рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, номзади илмҳои тиб гардид.

Шоҳин Раҳмонов амалиёти ҷарроҳиро анҷом медиҳад

Ҳамзамон ӯ курси такмили ихтисоси эндочаррозии кӯдаконаро дар СЗГМУ ба номи Мечников, шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия гузаштааст. Пас аз иҷрои вазифаҳои гуногун соли 2015 ба вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳии навзодон ва кӯдакони сину соли ширмак дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” таъин гардид. Ҳамзамон, ӯ муалими кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аст. Шоҳин Раҳмонов муллифи даҳҳо асари илмӣ ва китобу моногарафия мебошад.

Шоҳин Раҳмонов ҳангоми аёдати навзод

Ӯ зимни суҳбат ба мо дар бораи ҷарроҳии анҷомшуда муфассал нақл кард. Ба таъкиди ин табиб, дугоникҳои сиамӣ яке аз  нуқсонҳои мураккаби соҳаи ҷароҳии кӯдакон ва ҷароҳии кӯдакони навзод ба шумор меравад. Дар тамоми ҷаҳон ин мушкилоти мураккаб ба ҳисоб меравад. Ҳоло тамоми мутахассисони соҳаи ҷарроҳии кӯдакони навзод барои натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардан талош доранд:

«Дугоникҳои сиамӣ аз рӯи таснифоти кунунӣ ба навъҳо ҷудо мешаванд: “Қобили ҳайётдошта” ва “ғайри қобили ҳайётдошта”. Як навъи дигари беморӣ “паразитӣ” аст. Беморе, ки мо ба табобат  фаро гирифтем, аз рӯйи таснифот ба гуруҳи “паразити ҷанин” шомил мешуд. Барои амалиёти ҷарроҳӣ агарчи омодагӣ надида будем, аммо дар ин бора нақшаҳо мавҷуд буд, ки дар сурати муроҷиат чӣ корҳоро анҷом бояд диҳем. Албатта мо дар ин амалиёти ҷарроҳӣ 3 шабонарӯз омодагӣ дидем. Дар давоми 3 шабонарӯз, мо бо устодони таҷрибадори хеш машварат карда, аз мутахассисони кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла, Русия, Швейтсария маслиҳат пурсидем.»

Шоҳин Раҳмонов нақл мекунад, ки  амалиёти ҷарроҳии онҳо бе ориза гузашт. Ҳама таҳдидҳо рафъ шуданд ва хушбахтона, ҳолати навзод хуб буда, ӯро ба хона рухсат карданд. 

Баҳруллои Маҳмадшариф

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
7
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад