БОЛТаҳсил дар ду кишвар. Париваш чӣ гуна вақт меёбад?

Таҳсил дар ду кишвар. Париваш чӣ гуна вақт меёбад?

-

Париваш дар Париж, пойтахти Фаронса. Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Париваш меҳмони навбатии барномаи “Бол” аст ва аз дигар қаҳрамонони мо бо он фарқ мекунад, ки дар ду кишвар ҳамзамон таҳсил дорад. Ӯ донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Чин ва иштирокчии барномаи “Au Pair” дар Олмон аст.

Париваш бо ҳамдарсони хеш

Бо Париваш доир ба таҳсил, шароити зиндагӣ ва нақшаҳои ояндааш суҳбат кардем.

“Падарам дар як ташкилоти байналмилалӣ кор мекард ва ҳамеша дар сафарҳои хориҷӣ буд. Ман ҳам аз замони мактабӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқ пайдо намуда, пеши худ мақсад гузоштам, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунам. Аз ибтидо орзуи таҳсил дар Олмонро доштам, вале чун як сол пеш ба мактаб рафта будам, пас аз хатми мактаби миёна имкон нашуд, ки ба Олмон сафар намоям. Бинобар ин, ба донишгоҳҳои Чин ҳуҷҷат супоридам ва донишҷӯ шудам.”,- нақл кард Париваш.

Париваш дар Чин

Париваш аввал ба донишгоҳе дар шаҳри Гуанҷоу шомил шуд, вале ҳамагӣ се моҳ таҳсил кард ва бинобар надонистани забони чинӣ ва сарфи назар шудани забони англисӣ аз тарафи устодону донишҷӯён, дар мувофиқа бо маъмурияти донишгоҳ дар курси забони хитоӣ таҳсилро идома дод. Як сол забон омӯхт ва соли дигар ба шаҳри Ҳангжоу омада аз  нав донишҷӯ гардид. Январи соли 2020 ба Тоҷикистон омад, вале бо сабаби пандемия дигар натавонист ба Чин баргардад.

“Ду сол фосилавӣ таҳсилро идома додам. Ба хулосае омадам, ки тавони таҳсил дар як донишгоҳи дигарро дорам. Бинобар ин, ҳуҷҷатҳоямро барои иштирок дар барномаи “Au Pair” таҳия кардам. Чун забони олмониро медонистам дарҳол маро пазируфтанд. Наздики як сол аст, ки дар Олмон таҳсил дорам ва  як оилае зиндагӣ мекунам.” – афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, соҳибони хона олмонӣ нестанд, мард турк ва зан украинӣ аст. Бо онҳо муносибати хуб дорад ва дар корҳои хонаву нигоҳубини кӯдакон ёрӣ мерасонад.

“Ман ҳамагӣ як моҳи дигар дар ин оила зиндагӣ карда метавонам. Дархости донишгоҳи чинӣ ин аст, ки барои ба даст овардани диплом бояд таҷрибаомӯзӣ намоям. Ният дорам, ки дар ягон бонки кишварҳои аврупоӣ таҷриба андӯхта, кори дипломиамро ҳимоя карда, соҳибдиплом гардам. Сипас ба Тоҷикистон баргашта, ба миллату давлатам хизмат намоям. Мақсади ягонаам низ ҳамин аст.”— таъкид кард Париваш.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад