ҲАЁТИ СОЛИМВокуниши вазири маорифи Узбекистон

Вокуниши вазири маорифи Узбекистон

-

Вазорати маорифи Узбакистон ба пешниҳоди хориҷ кардани фанҳои физика ва химия аз барномаи таълимии мактабҳои ин кишвар вокуниш кард.

Чанде қабл ректори Донишгоҳи журналистикаи ин кишвар Шерзод Қудратхоҷаев пешниҳод кард буд, ки фанни физика ва химия аз барномаи таълимии мактабҳо хориҷ карда шавад. Ӯ таъкид намуда буд, ки ба ҷои ин фанҳо дарсҳои креативӣ (халлоқона) ҷорӣ кардан мумкин аст.

Аммо вазири маорифи Узбекистон Ҳилола Умарова берун кардани ин фанҳоро аз барномаи таълим ғайримантиқӣ хондааст:

«Ҳамаи мо хуб медонем, ки мактаб маконест, ки барои гузоштани пояи дониш хидмат мекунад. Дар мактаб муҳандис, духтур, олим ё варзишгари номдор, одамони касбу кори гуногун фаҳм ва донишҳои ҳаётан муҳимро мегиранд. Аз ин рӯ, мактаб бояд барои ҳар як хонанда заминае барои донишҳои асосӣ бошад. Гуфтан мумкин нест, ки физика ва химия барои бачагоне, ки дар оянда фанҳои гуманитариро мехонанд, нолозим аст. Сабаб дар он аст, ки инсон новобаста аз он ки кадом касбро интихоб кунад, бояд донад, ки ҷаҳон дар асоси парадигмаи илмии мавҷуд чӣ гуна аст. Қобилияти тафаккури инсон дар ҷараёни таълими фанҳои бунёдӣ, аз қабили физика ва химия инкишоф меёбад. Шахси дорои чунин тавонмандӣ қодир аст, ки воқеаҳоро таҳлил кунад, дарк намояд ва шарҳ диҳад.»,-таъкид намудааст Ҳилола Умарова.

Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони Узбекистон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз пешниҳоди ректори донишгоҳи рӯзноманигорӣ интиқод карданд.

Дар акс Ҳилола Умарова ва Шерзод Қудратхоҷаев. Акс аз сомонаи upl.uz

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад