ҲАЁТИ СОЛИМПеле аз олам чашм пӯшид. Ӯ чӣ беморӣ дошт?

Пеле аз олам чашм пӯшид. Ӯ чӣ беморӣ дошт?

-

Дирӯз, 29 декабр Қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, футболбози машҳур Пеле (Эдсон Арантис ду Насименту) пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 82-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тирамоҳи соли 2021 ба варзишгар саратони рӯдаи ғафс ташхис гузоштанд ва ба иттилои расонаҳо,  ӯ кимиёдармонӣ низ шуд, вале аҳволаш тадриҷан бадтар гардид. Аввали моҳи декабр собиқ футболбози тими миллии Бразилия дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуд.

Рӯзи 22 декабри соли равон духтари Пеле эълон кард, ки Мавлуди Исоро дар бемористон мегузаронад ва пас аз чаҳор рӯз, менеҷери варзиш Фрэнк Холид гуфт, Пеле бо хонаводааш видоъ карданро оғоз кардааст.

Пеле соли 1940 дар Трес Коракоинси Бразилия таваллуд шудааст. Ӯ дар 7-солагӣ дар тими футболи маҳаллӣ бозӣ кард ва дар синни 17-солагӣ дар ҳайати тими миллии Бразилия вориди майдони Ҷоми ҷаҳон шуд ва ин кишвар бори аввал дар таърих ғолиби Ҷоми ҷаҳон кард.

Пеле ягона футболбози ҷаҳон аст, ки се бор (солҳои 1958, 1962 ва 1970) барандаи Ҷоми ҷаҳон шудааст. Вай дар ҳайати Бразилия 92 бозӣ анҷом дода, 77 гол задааст. Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол, ФИФА ва як қатор созмонҳои дигар Пелеро беҳтарин футболбози асри 20 эътироф карданд.

Пеле фаъолиятҳои иҷтимоӣ низ дошт ва барои беҳтар кардани муҳити зист мубориза мебурд.

Владимир Путин, Пеле ва Диего Марадона. Маскав, декабри соли 2017. Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад