БИЗНЕС-КЛУБМаҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон дар CAITME 2022

Маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон дар CAITME 2022

-

Ҳабдаҳ истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти нассоҷии Осиёи Марказӣ – CAITME 2022 боздид ба амал меоранд, ки имрӯз, 7-уми сентябр, дар шаҳри Тошканд оғоз шуд. Намоишгоҳ, ки то 9-уми сентябр идома мекунад, барои вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ имконият фароҳам меорад.
Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои зерин иборат аст: Лиман, Саидиён, Сифат Саноат, Тоҷтекс, Зебо (ҳама аз Душанбе), Иззат, Лидер, Ортекс, Раҳимов А.А, Раҳматов, Сапсан (ҳама аз Хуҷанд), КОТА Глобал (Бохтар), Ноҳид (Истаравшан), Ботур (Конибодом), Само и К (Фархор), Мафтуна (Ваҳдат), ва Сафия (Турсунзода). Иштироки намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон низ таъмин шудааст.

Ҳамасола, намоишгоҳи CAITME беш аз 100 ширкат аз даҳҳо кишварро гирди ҳам меорад. Дар намоишгоҳ таҷҳизоти замонавии соҳаи нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва ғайра ба намоиш гузошта мешавад. Ин чорабинӣ навтарин ва пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаро ба маърази тамошо гузошта, барои шиносоӣ ва
робита пайдо кардан бо тасмимгирандагони калидӣ ва коршиносони соҳа ва омӯзиши тамоюлот, равандҳо вамасъалаҳои ҷаҳонии вобаста ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар семинару ҳамоишҳое, ки дар ҳошияи намоишгоҳбаргузор мегарданд, имконият фароҳам месозад.
Саидмӯъмин Камолов, роҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон мутмаин аст, ки навгониҳои технологӣ калиди муваффақияти саноати нассоҷиву дӯзандагӣ ба шумор мераванд. Ӯ мегӯяд: “Мо аз ин имконияти нодир ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ аз роҳҳо ва василаҳои нави истеҳсол ва коркарди маҳсулот, пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориву сармоягузорӣ ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири истеҳсоли ришта, матоъ, рангубор ва дӯзандагӣ хушҳолем. Ин намоишгоҳ ҳамчунин ба ҳайси макони муҳимме барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нав хидмат мекунад”.
Соҳибкорони Тоҷикистон бо фанновариҳои навини соҳа, таҷҳизоти замонавӣ, раванду тамоюлоти нави технологӣ дар соҳа шинос шуда, бо истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ бевосита дар намоишгоҳ вомехӯранд ва эҳтимол аст, шартномаву созишномаҳо ба имзо расонанд. Соли гузашта, ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои воридоти таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, матоъ ва фурнитура ба маблағи 1,7 миллион доллари ИМА баргаштанд.

Акс аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад