МУВАФФАҚИЯТСММ: 16%-и аҳолии кураи заминро ҷавонони 15-24-сола ташкил медиҳанд

СММ: 16%-и аҳолии кураи заминро ҷавонони 15-24-сола ташкил медиҳанд

-

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид,  айни ҳол 1,2 миллиард аҳолии сайёраро ҷавонони 15-24-сола ташкил медиҳад. Яъне, ин теъдод 16%-и аҳолии кураи замин ба ҳисоб мераванд. Ба таъкиди Созмони Милали Муттаҳид, дар сурати фароҳам овардани шароит барои таҳсил ва имконоти зарурӣ ба ҷавонон, онҳо метавонанд дар рушди Сайёра нақши муҳим бозанд. Аз ҷумла, ҷавонон бояд маълумот ва малакаҳои зарурӣ гиранд то дар рушди иқтисодиёт мусоидат намоянд.

Аммо аксари ҷавонон дар кишварҳои камбизоат ва дар ҳоли рушд зиндагӣ мекунанд. Аз 10 нафари аз 10 то 24-сола 9 нафараш дар кишварҳои камдаромад зиндагӣ менамоянд. Дар бархе кишварҳо 80 дар сади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонони ин кишварҳо бо душвориҳои боз ҳам бузургтар дучор меоянд. Дастрасии маҳдуд ба таҳсил ва тиб доранд. Аз ҳама мушкил барои духтарон, махсусан дар маҳаллаҳои дурдаст аст, зеро, ҳуқуқу имкониятҳои онҳо хеле маҳдуд аст. Ҷавонон аз ақаллиятҳои этникӣ ва мазҳабӣ, гурезагон таҳти фишори шадидтар ва тамғагузорӣ қарор мегиранд…

Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои аҳолии ҷавон маҳсуб ёфта, мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, 32,9%-и шумораи умумии аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳад. Синни миёнаи аҳолӣ дар мамлакат 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардида, дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш мебошад.

Ҳамасола 10 ноябр дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии ҷавонон таҷлил мешавад. Ин рӯз ба ифтихори таъсиси Федератсияи умумиҷаҳонии демократии ҷавонон (World Federation of Democratic Youth, WFDY) ба миён омад. Зеро, соли 1945 аз 29 октябр то 10 ноябр дар шаҳри Лондон Конфронси умумиҷаҳонии ҷавонон баргузор шуд ва ба таъсиси ин рӯз сабаб гардид.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи ҷавононро ба Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон табрик мегӯем.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад