БИЗНЕС-КЛУБМуассиси Alibaba дар як сол ҳудуди 14 миллиард долларро...

Муассиси Alibaba дар як сол ҳудуди 14 миллиард долларро аз дод

-

Муассиси Alibaba Ҷек Ма дар як сол тақрибан 14 миллиард долларро аз даст додааст.
Муассиси Alibaba Ҷек Ма бар асари таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои шадид бар асари коронавирус миллиардҳо долларро аз даст додааст. Тибқи гузориши Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии Hurun, дороии софи ин соҳибкори чинӣ 29% коҳиш ёфта, ба 25,7 миллиард доллар расидааст.

Ҷеки 58-сола дар раддабандии сарватмандтарин ашхоси Чин чаҳор зина поин рафта, дар зинаи нӯҳум қарор гирифт. То моҳи октябри соли 2021 сарвати Ма 39,6 миллиард доллар арзёбӣ шуда буд.

Гузориш ҳамчунин нишон медиҳад, ки чораҳои саркӯбкунандаи танзимгарони Пекин алайҳи ширкатҳои технологии кишвар низ нақш доранд. Саҳмияҳои ин ширкатҳо коҳиш ёфтанд.

Чжан Йимин, асосгузори ByteDance (бунёдгузори шабакаи иҷтимоии TikTok) низ тибқи як пажӯҳиши Hurun, 28% то 35 миллиард долларро аз даст дод. Дар ҳамин ҳол, сарвати муассиси Tencent Пони Ма 32% коҳиш ёфта, ба 30,7 миллиард доллар расид.

Акс аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад