ҲАЁТИ СОЛИМКумаки СММ ба оилаҳои муҳоҷирони тоҷик

Кумаки СММ ба оилаҳои муҳоҷирони тоҷик

-

Ҷавонмардони тоҷик аз муҳоҷират на ҳамеша бо кисаҳои пур бармегарданд. Баъзан, танҳо чизе, ки онҳо аз муҳоҷират меоранд, тани осебдида ва маҷрӯҳашон мебошад.
Муҳоҷирони Тоҷикистон, кишваре бо даҳ миллион аҳолӣ, ки дар дунё дар қатори се кишвари асосии вобастаи маблағҳои муҳоҷирон қарор дорад, маълул мешаванд, маҳбус мегарданд, кушта мешаванд ва баъзан ҳам дар хориҷ нопадид мегарданд.
Фарзанди Нигора даҳсола аст, вале ҳеҷ гоҳ падарашро надидааст. Ҳанӯз қабл аз таваллуди ӯ падараш ба муҳоҷирати корӣ рафт ва дар он ҷо ба маҳбас афтод. Ҳоло духтарак то бозгашти падар
рӯз мешуморад.
Дар деҳи ҳамсоя, Робия бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. Як ҳодисаи як шаби сарди зимистонӣ зиндагии оилаи Робиямоҳро ба куллӣ тағйири фоҷеавӣ дод. Дар соли 2010 шавҳари ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Санкт-Петербург мавриди ҳамлаи роҳзанҳо қарор мегирад. 25 зарби корд ӯро намекушанд, вале қобилияти ҳаракати пойҳояшро аз ӯ мегиранд.
Вале зиндагӣ идома дорад ва вақте мард аз по монд, зан саробонии чаҳор фарзанди ноболиғ, ки хурдияшон ҳамагӣ яксола буд ва нигоҳубини шавҳари беморро ба дӯш мегирад. Ин зани қавииродаи сокини ноҳияи Дӯстӣ бо маоши хурди фаррошӣ ва маҳсулоти замини наздиҳавлигӣ фарзандонро бузург ва соҳиби таҳсилоти олӣ мегардонад.
Додарбек, ҷавони дигари тоҷик, хеле ҷавон буд ва бо сад умеду орзу ба муҳоҷират барои кор рафта буд. Дар бозгашт роҳзанҳо пулҳои ӯро кашида гирифтанд, худашро заданд ва аз қатор ба хоки сарди бегона берун партофтанд. Мӯъҷизавор зинда монд, вале аз пошнаи по маҳрум шуд.
Инак 17 сол боз Додарбек пошнаи сунъӣ ба по карда, бо корҳои вазнини ҷисмонии рӯзбайъ рӯзгорашро пеш мебарад ва ду фарзанду ҳамсари беморашро нигоҳубин мекунад.
Бо сабабҳои гуногун муҳоҷирони тоҷик баъзан дигар наметавонанд ба аҳли хонадонашон кумак расонанд. Ин ҳама боиси дар ҷомеаи Тоҷикистон пайдо гардидани қишри осебпазири оилаҳои
танҳомонда гардидааст. Волидони солхӯрда, ҳамсарони муштипар, кӯдакони бесаробон дар рӯбарӯи тақдири шикаста ва мушкилоташон танҳо мондаанд.
Одамони хайрхоҳ баъзан ба ин оилаҳо кӯмак мекунанд, аммо ин ёриҳо барои сохтани дубораи зиндагӣ кофӣ нест. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кард. Ин оилаҳо бо кумакҳои лоиҳаи «Тавонмандсозии оилаҳои танҳомондаи муҳоҷирон дар вилояти Хатлон» фаро гирифта шуданд, то осебпазирияшон камтар шавад.
Лоиҳаро Бунёди чандҷонибаи ҳамкории мӯътамад дар соҳаи муҳоҷират (Migration Multi-Partner Trust Fund — MPTF) маблағгузорӣ ва чаҳор оҷонсии Созмони Милал дар Тоҷикистон: Оҷонсии муҳоҷирати СММ — Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM), Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF), СММ Занон (UN Women) ва Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) амалӣ менамоянд.

Ҳадаф аз ин ибтикор тавонмандсозии занони танҳомонда мебошад, ки ба иллати маълумоти нопурра, вобастагии молӣ, фишорҳои равонӣ ва фақр осебпазир гардидаанд. Лоиҳа ба чаҳорчӯбаҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ мувофиқ буда, барои коҳиши осебпазирии оилаҳои танҳомондаи муҳоҷирон фаъолияташро пеш мебарад. Дар ҷараёни он, ба оилаҳои интихобшуда кӯмак карда мешавад, то ба хадамоти равонӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, молӣ дастрасии беҳтар пайдо кунанд, омӯзиш бинанд ва манбаъи даромаде ёбанд.
Кристина Транка, раҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Муҳоҷирон ба мушкилоти зиёде гирифтор мешаванд. Баъзан, онҳо қурбонии ҳолатҳои нохуше мегарданд, ки дарди оиларо танҳо бештар мегардонад. Ҳадафи мо аз ин ибтикори муштарак тавонманд сохтани оилаҳо барои дубора ба по рост гардиданашон, мустақил гардиданашон ва дубора сохтани зиндагияшон
мебошад”.

Акс аз сомонаи  URA.RU

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад