МУВАФФАҚИЯТБарномаи Муҳаммадҷон бо шунидани супориш пайи иҷро мешавад

Барномаи Муҳаммадҷон бо шунидани супориш пайи иҷро мешавад

-

Муҳаммадҷон Неъматов донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, аллакай чандин барнома сохтааст.

Барномаеро бо «Assistant offline» таҳия кардааст, ки вазифаҳои мухталифро иҷро менамояд. Корбурди барнома бидуни интернет буда, ба компютер бо сухан фармон медиҳӣ ва он иҷро мекунад. Аммо ҳоло фармонҳо бо забони русӣ дода мешавад. Муҳаммад тасмим дорад, ки забони тоҷикиро ворид намояд.

Ӯ мегӯяд, бо анҷом додани ин корҳо мехоҳад кори рӯзмарраи мардумро осон  намояд.

Ба бовари Муҳаммадҷон, коргоҳҳо баъзе барномаҳоро аз хориҷ харидорӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки барномасозоне амсоли ӯ  ин корҳоро анҷом дода метавонанд. Аз ҷумла, барномаи чеҳрашиноси Face ID-ро, ки Муҳаммадҷон аллакай сохтааст.

Муҳаммадҷон дар аввал футболбоз шудан мехост, вале кор бо компютер ва барномаҳои компютерӣ саволҳои ҷолибро ба зеҳни ӯ оварда Муҳаммадҷонро ба технология вобаста кард. Ҳатто ӯро водор кард, ки шуғли ояндаро тағйир диҳад. 

«Вақте ба бозиҳои компютерӣ ғарқ мешудаму бо барномаҳои компютерӣ кор мекардам, дар бораи чӣ гуна сохтани онҳо маълумот надоштам.»,-нақл мекунад Муҳаммадҷон.

Муҳаммадумар Маҳмадзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад