ҲАЁТИ СОЛИМТрамп Нетаняҳуро девона ном бурдааст

Трамп Нетаняҳуро девона ном бурдааст

-

Президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп дар як суҳбати телефонӣ сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳуро барои халалдор шудани оташбас дар Ховари Миёна сахт танқид кардааст. Дар ин бора рӯзи душанбеи 1 июн портали амрикоии Axios бо истинод ба манобеи худ хабар дод. Трамп зимни суҳбат, аз ҷумла, раҳбари Исроилро «девона» номидааст.

Ҳамчунин, Трамп дар ҷараёни суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки ба Нетаняҳу барои пушти панҷара нарафтан дар парвандаи марбут ба фасод кумак кардааст. Ӯ ҳамчунин таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо ба Лубнон «ҳама аз Нетаняҳу нафрат доранд» ва ин метавонад Исроилро ба инзивои бештари байналмилалӣ рӯбарӯ кунад, менависад Axios.

Рӯзи 1 июн Нетаняҳу дастур дод, ки ба атрофи ҷанубии шаҳри Бейрут зарбаҳо ворид карда шаванд. Ӯ зарурати ин амалро бо шиддат гирифтани низоъ бо гурӯҳи исломгарои «Ҳизбуллоҳ», ки аз ҷониби мақомоти Эрон дастгирӣ мешавад, асоснок кардааст.

Як рӯз пеш аз ин низ сарвазири Исроил амалиёти заминиро дар Лубнон густариш дода буд. Ин иқдом пас аз ҳамлаҳои «Ҳизбуллоҳ» ба минтақаҳои шимолии Исроил анҷом гирифт.

Ба гуфтаи манобеи наздик ба маъмурияти ИМА, зимни суҳбати телефонӣ раҳбари Кохи Сафед аз шумораи зиёди қурбониён дар байни аҳолии осоиштаи Лубнон ва ҳамчунин тахриби хонаҳои истиқоматӣ барои анҷоми амалиёти аз байн бурдани чанд фармондеҳи «Ҳизбуллоҳ» изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар пасманзари ҳамлаҳои Исроил ба ҳадафҳо дар Лубнон, Оҷонсии Tasnim, ки ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ  наздик шуморида мешавад, аз таваққуфи музокироти Теҳрон ва Вашингтон тавассути миёнҷиён хабар дод.

Ба андешаи мақомоти Эрон, вазъ дар Лубнон яке аз шартҳои асосии оташбас бо ИМА мебошад, аммо амалиёти ҷангӣ дар он кишвар ҳанӯз дар ҳама самтҳо идома дорад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад