БИЗНЕС-КЛУБДарёи камзаврақи Вахш як ҷавони норакиро ба заврақсозӣ водор...

Дарёи камзаврақи Вахш як ҷавони норакиро ба заврақсозӣ водор кард

-

Норак яке аз шаҳрҳои зебо ва диданӣ дар вилояти Хатлон буда, ҳамасола сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин шаҳр дидан мекунанд.

Дарёи Вахш аз миёни ин шаҳр мегузарад ва яке аз нерӯгоҳҳои бузурги кишвар низ дар Норак бунёд ёфа, дорои обанбори бузургест, ки барои оббозию қаиқронӣ мусоид аст.

Собир Сатторов, сокини шаҳри Норак аст, ки норасоии заврақ дар ин маконҳоро эсҳсос карда, барои ҳалли ин мушкил қадам бардошт.

“Тобистон сайёҳони дохилию хориҷӣ барои истироҳату фароғат ба шаҳр меоянд. Аз дарё дидан мекунанд ва мехоҳанд бо заврақ дар дарё сайр намоянд. Аммо бархе аз заврақҳо куҳнаву вазъи техникиашон чандон хуб нест. Инчунин теъдоди онҳо зиёд нест.”,- мегӯяд Собир.

Маҳз ҳамин мушкил ин ҷавони 32-соларо ба сохтани заврақ водор кард. Ба нақли ӯ, сохтани заврақ барояш осон набуд. Зеро, дар ин ҷода устод ё роҳнамое надошт. Тӯли 6 моҳ чӣ гуна сохтани заврақро дар Шабакаи YouTube  мушоҳида кард. 

Собир дар аввал мақсад гузошт, ки чанд заврақро харидорӣ ва ба шаҳри Норак  ворид мекунад. Аммо баъди пайгирӣ тариқи интернет фаҳмид, ки заврақҳо арзиши гароне доранд. Бинобар ин, бо як дӯсташ тасмим гирифт, ки маводи лозимаро ба Ватан ворид намуда, хеш онро созанд.

“Мо як қисми маҳсулотро аз хориҷи кишвар овардем. Қисми дигарашро аз бозор ва мағозаҳои шаҳри Душанбе дастрас кардем. Бархе аз маҳсулотро тариқи миёнаравҳо бо нархи гарон харидорӣ кардем. Аввалин заврақ давоми 3 моҳ сохта шуд. Ҳамаи кор бо асбоби классикию куҳна ва дар шароити хона анҷом шуд.”,-нақл мекунад Сатторов.

Имрӯз ду заврақи онҳо дар дарё шино мекунаду Собир ягона заврақсоз дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Раҷабмурод Шарифов, яке аз дӯстони Собир буда, дар ибтидо бовар надошт, ки дӯсташ муваффақ мешавад ва ба ҳоли ӯ механдид. Вале баъд аз се моҳ заврақи дӯсташро дар дарёи Вахш дид.  

“Гуфтам, ки беҳуда заҳмат накаш. Аз уҳдаи сохтани он намебароӣ. Бо асбобҳои бобоӣ низ сохтани заврақ имкон надорад. Вале ӯ кушиш карду ду заврақ сохт. Вақте дар об сайр кардем, хурсанд шудем ва ба ҳунару маҳораташ аҳсан гуфтем. Ба меҳмонон мегӯем, ки ин заврақ маҳсули дасти як сокини ҳамин шаҳр аст, агарчи аксари онҳо бовар намекунанд. Зеро, бо сифати хеле баланд ва зебо сохта шудааст.”,- мегӯяд Раҷабмурод Шарифов.

Заврақи сохтаи Собир тавони бардошти 800 кг вазнро дорад ва то 10 нафар метавонанд бо он дар дарё сайр намоянд. Барои сохтани ду заврақ чандин ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Собир нақл мекунад, ки тобистони соли гузашта як нафар бо маблағи 25 ҳазор долар аз  хориҷ заврақ харидорӣ ва ба кишвар ворид кард.

“Агар шароити корӣ муҳайё бошад, 10 нафар давоми як моҳ тавони сохтани то 5 заврақро дорем. Дар 25 ҳазор долар метавонем 10 заврақ бисозем ва зарурат ба воридоти он намемонаду Тоҷикистон истеҳсолкунанда ва содиркунандаи он хоҳад гардид.”,-таъкид менамояд Собир.

Собир Сатторов мехоҳад заврақҳои гуногунро мутобиқ ба стандардҳои ҷаҳонӣ сохта, инчунин содироти онро ба роҳ монад.

Наҷибулло Валиев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад