БОЛМураббии варзиш дар Дубай. Машаққату муваффақияти Амриддин

Мураббии варзиш дар Дубай. Машаққату муваффақияти Амриддин

-

Амриддин Соҳибзода, ки ҳоло дар Дубай кору зиндагӣ мекунад, меҳмони навбатии барномаи «Бол» аст.

Амриддин факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 2015 хатм кардааст. Замони донишҷӯӣ дар толори варзишӣ мураббӣ буд ва шогирдони зиёд дошт. Пас аз хатми донишгоҳ имкон пайдо кард, ки фаъолияти мураббигии хешро дар Дубай идома диҳад. Ибтидо дар ин шаҳр машаққати зиёд кашидааст.

“Вақте ман ба Дубай омадам, шаҳодатномаву гувоҳномаҳои мураббигии маро ба эътибор нагирифтанд. Мегуфтанд, ки бояд диплом, шаҳодатномаву гувоҳномаро аз Дубай дошта бошам. Ваъда додам, ки онҳоро ба даст меорам. Лекин маош каму иҷора гарон буд, моҳҳои аввал дар тамрингоҳ мехобидам. Кори бемашаққат нест… Бекориву ноумедиҳои зиёдро пушти сар кардам. Шукр, ки ҳамааш гузашт ва ҳоло бо ҳамсару се фарзандам дар ин шаҳри калон кору зиндагӣ дорам.”,-ба ёд меорад ӯ.

Амриддин корро аз сифр оғоз намуд. Собит кард, ки варзишгари хубест ва имтиҳонро аз Бокс, Кигбоксинг, ММА Муай-тай ва дигар навъи варзиш гузашт. Соҳибони тамрингоҳҳо ба ӯ бовар карданд ва акнун соҳиби кори хубу шогирдони номовар ҳаст.

Амриддин аз соли 2016 дар Дубай зиндагӣ мекунад. Ду писараш дар ин шаҳр мактаб мераванд ва хеле фаъол ҳастанд. Забонҳои англисӣ, арабӣ ва фаронсавиро меомӯзанд. Бо падар тамрин мекунанд, дар мусобиқаҳо мақоми намоёнро ишғол менамоянд.

«Ҳамеша аз Тоҷикистон тавсиф мекунам, аз харита кишварамро барояшон нишон медиҳам, дар бораи бузургони миллати хеш ва маконҳои таърихӣ нақл мекунам.», —бо ифтихор мегӯяд ин варзишгар.

Ҳамсуҳбати мо нақл мекунад, ки то замони оламгир шудани бемории COVID-19 ҳар сол ду-се бор ба Тоҷикистон меомад. Пас аз бемории оламгир монеаҳо зиёд шуданд. Ҳоло намедонад кай ба Ватан бармегардад. 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад