БОЛНуралӣ чӣ гуна ба ҳамватанон дар Дубай кор меёбад?

Нуралӣ чӣ гуна ба ҳамватанон дар Дубай кор меёбад?

-

Нуралӣ Зиёев дар Дубай кору зиндагӣ мекунад. Ӯ риштаи муносибатҳои байналмилали Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Моҳи марти соли гузашта бо мақсади кору зиндагӣ ба Дубай рафт ва ҳоло дар яке аз ширкатҳои мошинфурӯшӣ ба ҳайси SMM кор мекунад, аксу наворҳо таҳия ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамояд. Ӯ муддати як соли зиндагӣ дар Дубай аллакай дар 7 ширкат фаъолият доштааст.

“Дар Дубай ҳамеша аз кори хурд оғоз кардан беҳтар аст. Баъзеҳо тамоман тасаввури дигар доранд. Ибтидо муҳоҷирон 800-1000 доллар дарёфт мекунанд ва ин маблағ ба иҷораву хӯрок мерасад. Бо гузашти вақт ва андӯхтани таҷриба корҳои беҳтар пайдо мешаванд. Зеро, таҷрибаи корӣ надоранд. Барои дар Дубай кори хуб пайдо намудан таҷрибаи кор дар ширкатҳо зарур аст.”,-нақл намуд Нуралӣ.

Нуралӣ бар замми кори асосӣ ба муҳоҷирон, махсусан ба тоҷикон кумак мекунад то соҳиби ҷойи кори муносиб гарданд.

“Ман дар Instagram чӣ гуна ба Дубай омадану кор пайдо карданро меомӯзам. Ин корҳоро ройгон анҷом медиҳам, вале агар нафаре дарси иловагӣ мехоҳад он музднок аст. Масалан, барояш тарҷумаи мухтасари ҳол омода мекунам аз рӯйи ихтисосу ҳунараш дар муддати кӯтоҳ барояш кор меёбам.”, — илова кард ӯ.  

Нуралӣ чандин нафарро соҳиби ҷойи кор намуда, ҳам музд гирифтаву ҳам ёрӣ ба ҳамватанонаш кардааст.

Ӯ бобати сайёҳату шиносоӣ ба Дубай роҳбаладӣ низ мекунад. Роҳнамоӣ мекунад, ки аз кадом бозор молу маҳсулот бояд харид, дар кадом минтақа хонаи иҷора гирифт ва амсол ин.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
14
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад