ВАРЗИШКомёбии Истиқлол баъди нокомиҳо

Комёбии Истиқлол баъди нокомиҳо

-

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар чаҳоргонаи “А” ба бошгоҳи “Шарҷа”-и АМА бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Эрик Бокум ва Владислав Касминин вориди дарвозаи рақиб намудаанд.

Ҳафтаи гузашта Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври панҷуми мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи “Ғарб” аз тими “Ал-Райён”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозии қаҳрамони Тоҷикистон — «Истиқлол» бо муқобили “Ал-Райён” шаби 23-юми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд, баргузор шуд. Голи ягонаро Йоҳан Боли дар охири бозӣ, дар дақиқаи 90-ум, зад.

Ин бохти панҷуми паиҳами “Истиқлол” дар мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 дар минтақаи “Ғарб” дар гурӯҳи “А” ба шумор мерафт.

Футболбозони тоҷик, ки бидуни имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «А» дар ҷои охирин қарор доранд, сарфи назар аз натиҷаи бозии даври охирин бо “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Араб аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқа маҳрум шуданд.

Бозии дигари даври панҷум, ки 23-юми апрел миёни дастаҳои “Шарҷа” ва “Ал-Ҳилол” доир гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад