МУВАФФАҚИЯТПИРӮЗИИ ПАНҶШЕР ДАР CHAMPIONSHIP BRAZILIAN JIU-JITSU

ПИРӮЗИИ ПАНҶШЕР ДАР CHAMPIONSHIP BRAZILIAN JIU-JITSU

-

Панҷшер Орзуев варзишгари тоҷик дар мусобиқаи “II INTERNATIONAL POLISH CHAMPIONSHIP BRAZILIAN JIU-JITSU” иштирок ва мақоми аввалро соҳиб гардид. Мусобиқа охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Познани Лаҳистон баргузор шуд ва Панҷшер бо мағлуб кардани 3 ҳарифаш ғолибиятро ба даст овард.

“Бори дуюм аст, ки дар мусобиқа иштирок мекунам. Мусобиқаи нахустин моҳи апрел дар шаҳри Варшава баргузор шуда буд. Дар он мусобиқа дар равияи ADCC иштирок ва бо мағлуб кардани ҳарифони худ ҷойи аввалро соҳиб шудам.”, нақл кард Панҷшер.

Панҷшер дастпарвари тими варзишии “ТEAMSAYFIDDINOV” буда, зери назари устодаш Шамсиддин Сайфиддинов  тарбия гирифтааст. Инчунин ғолиби як катор мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ низ ҳаст.

 “Дар аввал ба Grappling  чандон шавқу завқ надоштам. Бародарам бошад дар ҳамин навъ тамрин мекард. Ӯ ба ман пешниҳод кард, ки тамринро оғоз кунам ва бо роҳнамоии бародарам соли 2020 ба тими варзишии “ТEAMSAYFIDDINOV” пайвастам. Баъд аз чанд моҳи тамрин мусобиқаи ҷумҳуриявии “TAJIKISTAN GRAPPLING OPEN CHAMPIONSHIP” баргузор шуд. Ман ҳам дар он мусобиқа ширкат карда, ғолиби ҷойи аввал гаштам. Ҳамин тавр шавқу рағбатам ба варзиш зиёд гардид.”, – мегӯяд Панҷшер

Панҷшер зодаи ноҳияи Дарвоз буда, феълан донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Варшаваи Лаҳистон аст.

“Соли 2021 ба Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Варшава дохил шудам. Вақте ба Лаҳистон омадам то ҳол ба варзиш дилгарм будам ва қарор додам, ки дар ин ҷо ягон толор пайдо карда, тамринамро идома диҳам. Айни ҳол дар толори Макс Томашевский тамрин мекунам. Дар инҷо бо дастгирии устодон дар мусобиқаҳо ширкат карда, ғолиб шудам”- мегӯяд Панҷшер.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад