ЗАБОНОМӮЗӢАз 41 хатмкардаи литсей 30 нафар ба хориҷ меравад

Аз 41 хатмкардаи литсей 30 нафар ба хориҷ меравад

-

Аз 41 хатмкардаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 12 нафари онҳо бо дарёфти 2,5 миллион доллар гранти омӯзишӣ ба донишгоҳҳои беҳтарини ИМА дохил шуда, 18 нафар ба донишгоҳҳои Аврупову Русия ва кишварҳои дигар роҳ ёфтаанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд аз қавли Сурайёхон Неъматзода, директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд навиштааст, Меҳрангез Абдуллоева, Алишерхон Қосимов, Амирбек Зокиров, Шарифҷон Маҳмудов , Нурсултон Бойҷонов, Муҳаммад Маҳмудов, Муҳаммад Усмонов, Маҳлиёхон Авзалова , Алишер Назаров, Камила Бобочонова , Азиза Рӯзиева  ва Самандар Самандаров  дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои ИМА ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 донишгоҳҳои бонуфузи Амрико гардиданд. Инчунин 18 хатмкунандагони литсей ба донишгоҳҳои беҳтарини кишварҳои Олмон, Туркия, Австрия, Швейтсария, Булғористон ва Федератсияи Россия дохил шуда, 11 нафари дигар барои дохилшавӣ ба факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд. Яъне, аз 41 нафар хатмкунандагони литсей 30 нафари онҳо дар хориҷи кишвар 11 нафар дар мамлакат таҳсили худро идома медиҳанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад