ОЛАМИ МАҶОЗӢБотҳо чаро хабарҳои фейкӣ месозанд?

Ботҳо чаро хабарҳои фейкӣ месозанд?

-

Тавонмандии зеҳни сунъӣ. Акс аз шабакаи интернет

Хабарҳои қалбакӣ алакай оташи нобовариро дар саросари ҷаҳон афрӯхтааст ва технологияҳои навин ба монанди зеҳни сунъӣ (AI) метавонад вазъро боз ҳам бадтар кунад.

Агарчи зеҳни сунъӣ (AI)  ҳамчун воситаи қавӣ барои ошкор ва пешгирии паҳншавии хабарҳои фейкӣ кумак мекунад. Ҳамзамон, он барои сохтан ва паҳн кардани хабарҳои фейкӣ истифода мешавад.

Моҳи апрели соли 2023 NewsGuard 49 сомонаи хабариро муайян кард, ки тавассути зеҳни сунъӣ сохта шудаанд ва ба 7 забон мавод паҳн мекунанд. Ин пойгоҳҳо дар мавзӯҳои сиёсӣ, тандурустӣ, молияӣ ва технологияи иттилоотӣ маълумот мубодила менамоянд.

Спам-бот. Акс аз манбаъҳои боз

Шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо спам-ботҳо пур гардидааст, ки матни бештари онҳо аз ҷониби зеҳни сунъӣ тавлид мегардад. Ин раванд метавонад сифати иттилоотро дар интернет боз ҳам бадтар намояд.

Дар чанд соли охир ботҳо барои васеъ кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи рӯйдодҳо, аз интихобот то бӯҳрони тандурустӣ, ба монанди COVID ва вазъи муҳити зист истифода мешаванд.

Ботҳо хабарҳои қалбакиро, тавассути ҷустуҷӯ ва дарёфти маълумоти ғайримуқаррарӣ дар интернет паҳн мекунанд.

Ботҳо бо истифода хэштегҳо ҳамчун стратегияи асосии дастрасӣ ба аудиторияи васеъ, ки дар бисёр мавридҳо ба таблиғи хабарҳои қалбакӣ мусоидат мекунад, мундариҷаи ғайримуқаррариро паҳн мекунанд. Ҳамин тавр, ботҳо бо ду роҳ хабарҳои қалбакиро паҳн месозанд:

онҳо пайваста хабарҳои қалбакиро нашр мекунанд ва барои посух додан ё шарҳи интишори корбарони воқеии шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамон пораҳои маълумоти бардурӯғ истифода мебаранд.

Бот бо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мубодилаи афкор мекунад. Акс аз шабакаи интернет

Ҳоло платформаҳо ба лонаи миллионҳо бот табдил ёфтааст, ки ҳамчун паҳнкунандаи хабарҳои қалбакӣ низ дониста мешаванд.

Тибки як таҳқиқот то соли 2020 дар Twitter 23 миллион бот, дар Facebook 140 миллион ва тақрибан 27 миллион бот дар Instagram ҳисоб шуда буд.

Ботҳо шахсони воқеӣ нестанд. Онҳо аз ҷониби одамони дорои малакаҳои барномасозии компютерӣ сохта шудаанд. Ҳамин тавр, ботҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, вазифаҳои мустақилона ва такрориро иҷро мекунанд. Онҳо рафтори одамонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба монандаи муошират бо корбарони дигар ва мубодилаи иттилооту паёмҳо тақлид мекунанд. 

Истифодаи ботҳо ва зеҳни сунъӣ барои паҳн кардани хабарҳои қалбакӣ барои низоми иттилоотӣ мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин метавонад ба осонӣ хонандагонро ба иштибоҳ андохта, боиси маълумоти бардурӯғ ё тағйири афкори ҷомеа гардад.

Зарина Ходжимуратова

Зарина Ходжимуратова, мутахассиси соҳаи техналогияи иттилоотӣ мегӯяд, бо рушди  зеҳни сунъӣ, натанҳо аксу матн метавон сохт. Ҳатто видеоҳои қалбакӣ низ. Ба бовари ӯ, хабарҳои фейкӣ тавассути ин техналогия  ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад:

-Акнун метавонам натанҳо сурат созем, ягон ҷояшро тағйир диҳем. Маводи видеоиро низ метавонем тағйир диҳем, ки масъаллаи баҳсӣ ва хатарнок аст. Агар маводи видеоӣ ҳаст, метавон қисматҳои нолозими онро тариқи шабакаҳои нейронӣ ҳазф кард. Масъаллаи дигар ин аст, ки тариқи шабакаҳои нейронӣ мешавад ҳолати ғайривоқеиро сохт. Нафареро ҷой кард, ки дар ҷойи воқеа ҳузур надорад. Ин метавонад масъаллаи ахлоқӣ ва ҳатто ҷиноят ҳисобида шавад агар матлаби фейкӣ хусусияти манфӣ дошта бошад.

Шумо метавонед зеҳни сунъиро барои анҷоми кори бад истифода баред, масалан, хабарҳои қалбакӣ таҳия ва паҳн кунед, аммо шумо инчунин метавонед онро барои кори хуб истифода баред, масалан, барои мубориза бо маълумоти бардурӯғ.

Маълумоти бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
4
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Парлумон: омӯзиш барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди қонунгузорӣ

Вакилон ва мушовирону мутахассисони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ аз...

Вакилон аз тағйирот ба созишнома оид ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия

Имрӯз, 8 апрел вакилони Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид...

Дар соҳаи тандурустӣ 1432 мутахассис намерасад

Норасоии кормандони соҳаи тандурустӣ соли гузашта 1432 нафарро ташкил додааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон,...

Ширкатҳои зеҳни сунъӣ мехоҳанд коргоҳҳо ба ҳафтаи кории чаҳоррӯза «бе коҳиши маош» гузаранд

Ширкати OpenAI пешниҳод мекунад, ки ҳафтаи кории чаҳоррӯза "бидуни кам кардани маош" аз ҷониби коргоҳҳо таҷриба шавад. Ширкати Nvidia...
spot_imgspot_img

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар...

Рақобат барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз шуд

Имрӯз, 7 апрел озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад