МУВАФФАҚИЯТБарномаҳои Амирҷон кори киро осон мекунад?

Барномаҳои Амирҷон кори киро осон мекунад?

-

Амирҷон Сатторов навраси барномасоз ва навовар аст, ки ғояҳои ҷадиду ҷолибро дар амал тадбиқ мекунад. Ӯ ҳамагӣ 15 сол дошта, дар Литсейи инноватсионии “Душанбе” -и назди ДТТ таҳсилашро идома медиҳад.

Амирҷон тайи ду соли охир дар як қатор озмунҳо ширкат ва мақомҳои ифтихориро соҳиб гардид. Соли 2021 дар Озмуни байналмилалии омӯзишии “Stemford” дар бахши “Микроэлектроника”, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ғолиб омада буд. Соли 2022 дар Олимпиадаи байналмилалии “Kangaroo” аз фанни риёзӣ медали нуқраро соҳиб шуд. Инчунин соли равон дар даври финалии озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” дар номинатсияи “Барномасозӣ” барандаи ҷоизаи озмун ба миқдори 15 000 сомонӣ шуд.

“Аз овони хурдӣ ба таҷҳизотҳои гуногун шавқу рағбат доштам. Ҳамеша фикр мекардам, ки онҳоро чӣ тавр месозанд. Пайваста хабарҳои соҳаи IT –ро пайгирӣ мекардам. Дар ниҳоят, ба ин соҳа қадам гузоштам”, — мегӯяд Амирҷон.

Амирҷон тариқи “Scratch” барномаи тестиеро бо номи “Сомонаи универсалӣ” таҳия кард, ки барои бедор кардани шавқу рағбати хонандагон ба илмҳои дақиқ пешбинӣ гардидааст. Дар ин барнома саволҳои тестӣ аз се фан- риёзӣ, физика ва технологияи иттилоотӣ ҷой дода шудааст. Барнома дорои 3 зина буда, барои гузаштан аз ҳар зина бояд 25 саволро ҳал кард. Дар маҷмӯъ, ин барнома зиёда аз 300 саволро дар бар мегирад ва аниматсионист.

Робот-мошинчаи “Ibot Lafvin”-ро низ Амриҷон сохтааст, ки бе хато рӯйи хат ҳаракат мекунад. Дар ин мошинча сенсорҳое мавҷуданд, ки фосилаи мошинчаро то объект андозагирӣ намуда, ҳангоми ба объект наздик шудан аз ҳаракат боз мемонад, ё самти ҳаракати худро иваз мекунад.

Барномаи дигареро бо забони “Python” таҳия кардааст. Ҳангоми кор бо ин барнома клавиатура ва мушак лозим намешаванд. Бо ёрии ин барнома вақти истифодабаранда бо компютер бо садо супориш медиҳад. Истифодаи ин барнома дар коргоҳҳо метавонад суръати корро баланд бардошта, зиёнеро, ки компютер ба саломатии майнаи сар, чашм ва сутунмӯҳра зарар мерасонад, кам намояд.

Инчунин дар ин барнома маълумот оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзеҳои саёҳӣ, Паёмҳои президент, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Литсейи инноватсионии «Душанбе» ва дигар итилоот дарҷ гардидааст. Барнома дорои китобҳои электронӣ буда, мушкили хонандагонеро, ки аз норасоии китобҳои дарсӣ азият мекашанд,  ҳал мекунад.

Амирҷон яке аз пешқадамтарин хонандагони литсей ба шумор меравад. Дар оянда орзу дорад, ки дар яке аз донишгоҳҳои бонуфӯзи Кореяи Ҷанубӣ таҳсили хешро идома диҳад.

Нодира Собирзод

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад