МУВАФФАҚИЯТОшпазӣ аз 14 солагӣ ва расидан то майдони “Молодые...

Ошпазӣ аз 14 солагӣ ва расидан то майдони “Молодые ножи”

-

Шамсиддин аз чап нафари якум. Дар барномаи «Молодые ножи» бо муҷрии барнома ва рақибонаш

Шамсиддин Насриддинови 24-сола беш аз 10 сол аст, ки ошпазӣ мекунад. Ӯ иштирокчии даври ниҳоии барномаи маъруфи “Молодые ножи”-и Телевизиони “Пятница” мебошад.

Шамсиддин дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудаву ба воя расидааст. Ӯ Донишгоҳи политехникии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст. Айни ҳол дар пойтахти кишвар кору зиндагӣ мекунад.

“Ман аз кӯдакӣ ошпазиро дӯст медоштам ва хушбахтона, волидонам инро дарк намуда, маро назди ошпази шинохта Абдурауф Ҳамидов бурданд. Устод нозукиҳои ин касбро ба ман омӯзонид.”,-нақл мекунад Шамсиддин.

Манбаи даромади Шамсиддин аз ҳисоби ошпазист ва дар пайи омӯзиши тарабхонадорию қаннодӣ мебошад.

Дар ибтидо фикр намекард, ки ошпазӣ ба манбаи аслии даромадаш табдил мегардад.

“Устодам фармоишҳои гуногун қабул мекард. Ёру дӯстон пайхас намуданд, ки ман низ ошпазӣ мекунам ва онҳо маро ба чорабиниҳои худ даъват мекарданд.”, — ба ёд меорад ӯ.

Шамсиддин ҳоло барои хадамот дар тӯйҳо фармоиш қабул намекунад. Зеро, барои гузаронидани мастер-классу омӯзишҳо вақташро сарф менамояд.

Шамсиддин мегӯяд, соли гузашта дар Хуҷанд ба 20 нафар дарси маҳорати ошпазӣ гузашт ва ҳоло чанде аз онҳо дар тарабхонаҳои Хуҷанд сарошпаз ҳастанд ва бархеи дигар дар хона фармоиш қабул менамоянд. 

Шамсиддин дар як шабонарӯз 12-14 соат кор мекунад ва таҷриба меандӯзад. Баъд аз оиладоршавӣ реҷаи корашро тағйир доданист то вақти бештарро бо ҳамсари ояндааш пушти сар кунад.

Ба ҳамсолони худ тавсия медиҳад, ки ба омӯхтани забони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ намоянд. “Донистани забонҳои хориҷӣ, интихоби дурусти касб муфаввақият меорад”-таъкид мекунад Шамсиддин.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
12
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад