Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар бо Васлида Сафарзода, духтараки 9-солаи соҳибистеъдод аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ки бо иҷрои сурудҳои ӯзбекӣ, аз ҷумла суруди машҳури «Баригул», таваҷҷуҳи дӯстдорони мусиқиро ҷалб намудааст, мулоқот кардааст.
Ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд, Васлида бо назардошти вазъи саломатӣ ба таълими инфиродӣ фаро гирифта шуда, дар баробари таҳсил ба ҳунару мусиқӣ шавқу рағбати зиёд дорад.
«Зимни мулоқот ба истеъдоди ҳунарӣ, шавқу рағбати духтарак ба мусиқӣ ва имкониятҳои рушди минбаъдаи қобилиятҳои ӯ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.»,-хабар медиҳад Раёсати маорифи вилояти Суғд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
+1
+1
+1
+1
+1
+1




