
Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба таври худомӯзӣ аз худ кард.
Дар хонаводаи Шуҳрат интихоби касб озод буд, ин озодӣ ба ӯ имкони муваффақ шуданро дар ҷоддаи рассомӣ дод. Бо ворид шудан ба хонаи Шуҳрат кас худро дар олами зебоӣ ва табиати нотакрору афсонавии Тоҷикистон эҳсос мекунад. Зеро, мусаввараҳои хурду бузурги зебою диданӣ дар ҳар кунҷу канори деворҳои хона овезон шудаанд. Шуҳрат мегӯяд, ки ҳар як тасвираш бештар зебоиҳои Тоҷикистон ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷикро ифода мекунад.
«Якчанд мусаввараи ман ба Украина, Русия, Ҳиндустон ва Олмон расидаанд. Охирон расми кашидаи ман «Духтарак ва Моҳ» буд, ки бисёр зебо наққошӣ шуда буд, ба хориҷиҳо додам.»,-нақл кард рассом.
Шуҳрат сокини шаҳри Бохтар аст. Аввалин расми кашидаи ӯ акси қаҳрамонони филми «Титаник» буд. Ӯ мегӯяд, ки дар нахустин қадамҳои рассомияш акси қаҳрамонони филми ҳиндиро рӯйи қоғаз меовард ва ба духтарон мефурӯхт.
«Он солҳо мардуми мо ба тамошои филмҳои ҳиндӣ таваҷҷуҳ доштанд. Аз ҳамсоя ва хешу табори онҳо фармоиш гирифта, акси қаҳрамонони филмҳои ҳиндиро наққошӣ мекардам.»,-ба ёд овард Ш. Ахмиддинов.
Ин тасвири яке аз духтарони зодаи Бритонияи Кабир аст, ки маҳсули дасти Шуҳратро дар интернет дида, дар бораи кори рассомияш бо ӯ суҳбат мекунад. Шуҳрат бо иҷозаи вай аксашро дар либоси тоҷикӣ наққошӣ кард. Шуҳрат бар ин назар аст, ки ҳар як расом бояд як кори эҷодии худашро дошта бошад. Ҳар чизе, ки то имрӯз рӯйи коғаз овардааст, аз тахайюли худ ҳастанд.
Ба гуфтаи ин рассом, рассомӣ кори саҳлу сода нест, маҳорати баланд ва меҳнати зиёдро талаб мекунад. Инчунин, рассом бояд фаҳмиш дошта бошад то чизи нав эҷод карда тавонад. Шуҳрат то имрӯз 100 мусаввара офаридааст, ки аксарияти онҳоро фурӯхта ва ё ба дустону наздиконаш туҳфа кардааст. Ӯ мегӯяд, ки расмҳои кашидааш харидор дорад, вале намехоҳад бо арзиши хеле кам фурӯшад. Ӯ ин касбро дӯст дошт ва бо ишқ анҷом медиҳад. Шуҳрат Ахмиддинов, бинокор аст аз даромади кораш рангу дигар лавозимоти кори расомияшро мехарад. Дар озмунҳои расомӣ низ ширкат кардааст. Ҳоло тасмим дорад, ки ҳунарашро ба дигар алоқамандони ин касб омӯзонад.
Амонҷон Муҳиддинов, рӯзноманигор




