МУВАФФАҚИЯТБеҳрӯз Султонов: даъват ба хизмат тамоми сол нест!

Беҳрӯз Султонов: даъват ба хизмат тамоми сол нест!

-

Бобати қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” чӣ медонед? Оё дар бораи уҳдадориҳои нафарони синни даъват иттилоъ доред?

Агар не, пас маълумоти лозиму муҳим дар мусоҳибаи мо бо ҳуқуқушинос Беҳрӯз Султонов.

Сараввал дар бораи синну соли дақиқи даъват ба хизмати ҳарбӣ мегуфтед.

-Мутобиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” синну соли даъват ба хизмат аз 18 то 27 -сола мебошад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар чавон 27-солагиро пур карда ба 28 қадам монад дар ин ҳолат аз хизмат озод мешавад. Вале чунин нест. Зеро, тибқи қонун шахсе, ки ба 27-солагӣ расид аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод аст.

Даъвати афроде, ки дар кафедраи ҳарбии назди донишгоҳҳо таҳсил мекунанд ба хизмат чӣ гуна аст?

-Мо қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдарории умумиҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро соли 2000 қабул карда будем, ки айни ҳол аз эътибор соқит карда шуд. Тибқи он донишҷуён баъди хатми кафедраи ҳарбӣ соҳиби билет ва рутбаи ҳарбӣ мешуданд. Дар қонуне, ки соли 2021 қабул шуд, вобаста ба ин масъала чанд тағйирот ворид гардид. Тибқи қонуни нав шахсоне, ки кафедраи ҳарбии назди донишгоҳиро хатм мекунанд, ба хизмати ҳарбии 1-сола ҷалб мешаванд.

Даъват барои шахсоне, ки душаҳрванӣ доранд чӣ тавр сурат мегирад? Онҳо барои кадом давлат хизмат мекунанд?

-Тибқи моддаи 30-юми қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шахсоне, ки хизмати ҳарбиро дар дигар давлатҳо адо кардаанд, дар ҶТ аз хизмати ҳарбӣ озоданд. Яъне, кофист барои яке аз давлатҳое, ки шаҳрвандии онро доранд, хизмат кунанд.

Шахсони доғи судидошта ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд?

-Танҳо нафароне, ки бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гардидаанд, ба хизмат даъват карда намешаванд. Агар дигар намуди ҷазо ба мисли ҷарима, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан аз озодӣ нисбаташон тадбиқ шуда бошад, пас онҳо ба хизмат даъват карда мешаванд.

Лутфан, дар бораи хизмати пулакӣ маълумот медодед.

-Тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” (2021) ва замима ба ин Қарори Ҳукумати ҶТ №299 аз 30-юми июли соли 2021 хизмати алтернативӣ муаян шуд. Тибқи он маблағи хизмати ҳарбии алтернативӣ 420 нишондиҳанда муаян шудааст, ки ин баробар ба 26 880 сомонӣ аст. Шахсе, ки мехоҳад ба хизмати ҳарбии алтернативӣ, даъвати сафарбарӣ дар ҳайат захиравӣ бошад метавонад ба комиссариати ҳарбии маҳали зисти худ дар асоси ариза мурҷиат кунад. Маблағи хизмат ба суратҳисоби муайянгардида дар БДА “Амонатбонк” пардохт карда мешавад ва расиди он дар муддати 5 шабонарӯз бояд ба комиссарити ҳарбӣ супорида шавад. Баъди пардохт ба даъватшаванда квота дода мешавад.  Шахсе, ки квота мегирад аз даъват ба хизмат озод мешавад ва дар навбати худ ҷамъоади ҳарбии 1-моҳаро мегузарад.

Нисбат ба шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, қонун чӣ гуна ҷазоро пешбинӣ намудааст?

-Тибқи қонуни қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” падар, модар ва намояндагони қонунии даъватшаванда ҳуқуқ доранд, ки даъватномаро қабул карда имзо гузоранд ва ба даъватшаванда супоранд. Ҳангоми қасдан аз хизмат саркашӣ кардан нисбат ба даъватшаванда ҷавобгарӣ дар шакли ҷарима ба андозаи 500-1000 нишондиҳанда (32 000 – 64 000 сомонӣ)  ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол пешбинӣ шудааст.

Қаблан даъват дар ду мавсим-баҳорӣ ва тирамоҳӣ  анҷом мешуд. Чунин сару садоҳо вуҷуд дорад, ки тибқи қонуни ахиран қабулшуда тамоми сол он идома меёбад?

-Ин ақида хато аст. Тибқи модаи 32-и қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” даъват ба хизмат дар як сол 2 бор- дар баҳор (аз 1-уми апрел то 31-уми май)  ва дар тобистон ба муҳлати 2 моҳ дар асоси фармони Президенти ҶТ сурат мегирад.

Ташаккур барои иттилои муфид.

-Саломат бошед!

Мусоҳиб: Довуд Акобиров

Муаллифи акс: Абдусамад Аминов

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
21
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
2
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад