ВАРЗИШПирӯзӣ бо Афғонистон. Имрӯз рақобат бо Қирғизистон

Пирӯзӣ бо Афғонистон. Имрӯз рақобат бо Қирғизистон

-

Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии ифтитоҳии худ дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA бар тими Афғонистон бо ҳисоби бузург (4:1) пирӯзиро ба даст овард.

Нимаи аввали бозӣ ҳисобҳо баробар (1:1) буд. Дар дақиқаи 14-ум нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азизбек Ҳаитов дар бозӣ ҳисобро кушод. Баъди ҳафт дақиқа Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ аз дастаи рақиб ҳисобро баробар кард.

Дар нимаи дуюми бозӣ мураббиёни тими мо як қатор ивазкуниҳоро анҷом доданд, ки рафти бозӣ ба куллӣ тағйир ёфта ба дастаамон муяссар шуд, ки  ба дарвозаи тими Афғонистон боз се туби ворид кунанд. Голҳоро Содиқҷон Қурбонов, Фатҳулло Олимзода ва Салам Ашӯрмамадов ба самар расониданд.

Дар як вохӯрии дигари даври дуюми чемпионати ҷавонони CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Узбакистон бидуни гол бозиро ҷамъбаст карданд.

Имрӯз, 8 август соати 18:00 вохӯрии дастаҳои Эрон ва Афғонистон дар назар буда, сипас соати 21:00 тимҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам рақобат мекунанд. Воридшавӣ ба Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад