МУВАФФАҚИЯТНигоҳи атрофиён ба раққос шудани Шерзод чаро дигар шуд?

Нигоҳи атрофиён ба раққос шудани Шерзод чаро дигар шуд?

-

Шерзод Исломов. Аксҳо аз бойгонии шахсӣ

Шерзод Исломов то соли 2016 дар ноҳияи Ғончӣ (Деваштич) дар баробари дигар бачаҳои деҳа ба корҳои хоҷагӣ ва таҳсил андармон буд. Сипас ба пойтахти кишвар омада пайи худсозӣ гардид:
— Баробари ба Душанбе омаданам хоҳиши раққос шудан дар замирам пайдо шуд, вале аз атрофиён шарм медоштам, чун дар ҷомеаи мо ба ин навъи санъат машғул шудани ҷавонписаронро на ҳама хуб қабул мекунанд. Қисса кӯтоҳ, рафта-рафта бо ёрии устодам Максим Александров муддати як сол рақсро омӯхтам ва бо роҳнамоии эшон ба омӯзонидани дигарон пардохтам.
Шерзод пинҳон намекунад, ки чанд сол қабл барои беҳтар кардани рӯзғори хеш нияти ба хориҷи кишвар рафтанро дошт, вале баъди омӯзишу худсозӣ шод аст, ки кишварро тарк накард. Ба таъкиди ӯ, кишвари мо барои худсозӣ мусоид аст ва ҳар кас бо кушиши заҳмат ҳатман ба мақсад мерасад.
Шерзод ҳоло рақс мекунад ва ба дигарон меомӯзонад. Дар мактаб муаллими рақс аст. Ду сол дар Студияи театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маяковский актёриро омӯхтааст. Ҳамчунин акс мегирад ва мудели акс ҳам аст.

Ибтидо атрофиён, хешу ақрабо ба раққос шудани Шерзод назари нек надоштанд ва ҳоло ӯро дарк мекунанд…

Кори асосии Шерзод омӯзонидани рақс аст. Ӯдар мактаби Сontofield International School ба синфҳои 1 то 11 дарс мегӯяд ва ҳамчунин дар студия:

— Ман дар мактаби умумӣ дарс медиҳам, вале дар студия шогирдонро, ки синну солашон гуногун аст, мувофиқи табъу завқӣ худашон. Бачаҳо дар мактаб 11 сол мехонанд, вале дар студия агар ҳар нафаре, ки маро бодиққат гӯш кунад ва вазифаҳоро иҷро намояд, муддати 3-4 моҳ рақсро меомӯзад.

Шерзод анвои гуногуни рақсро меомӯзонад. Ба бовари ӯ, бояд ибтидо гӯш кардани мусиқиро омӯхт, сипас рақсро новобаста аз жанр.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ҳоло мехоҳад дигар ҳунарҳоро дар замираш сайқал диҳад: мусиқинависӣ, овозхонӣ, кор дар театр ва ғайра.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
18
+1
7
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
7

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад