МУВАФФАҚИЯТЧиликдангалу биҷилбозӣ: бозиҳои наврӯзии деҳаи Лолазор

Чиликдангалу биҷилбозӣ: бозиҳои наврӯзии деҳаи Лолазор

-

Чиликдангалу биҷилбозӣ бозиҳои баҳорӣ ва маҳбуби кӯдакону наврасони деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш аст. 

Олимҷон Қиличеви 11-сола аз деҳаи Лолазор буда, нақл мекунад, ки бо фаро расидани фасли зебои баҳор ва дамидани сабза дар вақтҳои холигӣ ба бозиҳои наврӯзӣ машғул мешаванд.

“Вақте фасли тирамоҳ медарояд бориши борону барф низ шурӯъ мегардад. Дигар ҷиликдангалу биҷилбозӣ карда намешавад. Биҷилҳоямонро то фаро расидани фасли баҳор дар хона нигоҳ медорем.”,- мегӯяд О.Қиличев.

Дар дасти аксарияти наврасони деҳаи Лолазор то 6-7 биҷил дидан мукин аст. Онҳо мисли наврасони дигар минтақаҳо биҷилро аз бозор ё аз нафаре харидорӣ намекунанд. Чунки волидайнашон ба чорводорӣ машғул ҳастанд.

“Вақте сабза аз замин баромад, як нафар биҷилҳояшро гирифта ба хонаи 5-6 нафар рафта, барои бозӣ кардан даъват мекунад. Дигарон бозии моро дида, биҷилҳояшонро гирифта бо мо ҳамроҳ мешаванд.”,-қисса мекунад Олимҷон.

Аҳлиддин Ашӯрови 15-сола мегӯяд, бозии чиликдангал барояшон хеле шавқовар ва ҷолиб аст. “Чӯбе, ки дарозиаш як ваҷаб аст, онро чилик ва чӯби ним метраро дангал мегӯем. Барои ҳамин бозии мо  «Чиликдангал» ном гирифтааст.»

Сокинони деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳар сол иди Наврӯзро таҷлил мекунанад. Мусобиқаҳои гӯштию бузкашӣ ва бандкаширо ташкил менамоянд. Кӯдакон низ дар баробари биҷилбозию чиликдангал дар маросими наврӯзӣ мисли калонсолон ба майдони гӯштин мебароянд.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
2
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад