МУВАФФАҚИЯТЭлектромобил-"пой"-и равони Зикруллоҳхуҷа

Электромобил-«пой»-и равони Зикруллоҳхуҷа

-

Электромобили Зикруллоҳхуҷа Асроров

Зикруллоҳхуҷа Асророви 21-сола бо вуҷуди доштани имконияти маҳдуди ҷисмонӣ беш аз 50 дастгоҳу таҷҳизот сохтааст, ки аксари он дар корҳои хоҷагӣ истифода бурда мешаванд.

Зикруллоҳхоҷа аз 16-солагӣ ба сохтани дастгоҳҳои гуногун пардохт ва онҳоро аз ашёҳои нолозим тавлид мекунад. Ӯ маҳсули дасташро дар даҳҳо озмуну олимпиадаҳо пешниҳод ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

Электромобил яке аз намунаҳои кори Зикруллоҳхоҷа Асроров буда, бо қувваи барқ ҳаракат мекунад.

“Ман электромобилро соли гузашта аз оҳанпораҳои нолозим сохтам. Ин электромобил бо қувваи барқ аз 10 то 12 км роҳро тай мекунад. Аз овони кӯдакӣ орзу мекардам, ки бузург шуда дар заводи мошинсозӣ кор мекунам. Орзуҳои кӯдакиро бо сохтани электромобил бароварда кардам. Бо кумаки шогирдон давоми 5 моҳ ин электромобилро сохтам.”,-нақл кард Зикруллоҳхоҷа.

Баро иҷрои корҳои саҳро аз ҳамин мошини сохтааш истифода мекунад. Зикруллоҳхоҷа дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фуруғи маърифат” маҳз бо ҳамин ихтирооташ мақоми намоёнро соҳиб гардид.

Қаҳрамони мо чандин шогирд дошта, 3 нафари онҳо дар озмуну олимпиадаҳо иштирок ва мақомҳои ифтихориро касб кардаанд.

“Ҳамарӯза бачаҳои деҳа баъди дарс ба наздам меоянд ва ба машғулиятҳои ман зеҳн мемонанд. Ман ҳар як амаламро бо камоли майл ба онҳо мефаҳмонам.”,-изҳор дошт Зикруллоҳхоҷа.

Агарчи пойи равон надорад, вале дилсард нест ва пайи амалисозии орзуҳои бузургаш талош меварзад.

Баҳруллои Маҳмадшариф

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад