МУВАФФАҚИЯТЭлектромобил-"пой"-и равони Зикруллоҳхуҷа

Электромобил-«пой»-и равони Зикруллоҳхуҷа

-

Электромобили Зикруллоҳхуҷа Асроров

Зикруллоҳхуҷа Асророви 21-сола бо вуҷуди доштани имконияти маҳдуди ҷисмонӣ беш аз 50 дастгоҳу таҷҳизот сохтааст, ки аксари он дар корҳои хоҷагӣ истифода бурда мешаванд.

Зикруллоҳхоҷа аз 16-солагӣ ба сохтани дастгоҳҳои гуногун пардохт ва онҳоро аз ашёҳои нолозим тавлид мекунад. Ӯ маҳсули дасташро дар даҳҳо озмуну олимпиадаҳо пешниҳод ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

Электромобил яке аз намунаҳои кори Зикруллоҳхоҷа Асроров буда, бо қувваи барқ ҳаракат мекунад.

Ман электромобилро соли гузашта аз оҳанпораҳои нолозим сохтам. Ин электромобил бо қувваи барқ аз 10 то 12 км роҳро тай мекунад. Аз овони кӯдакӣ орзу мекардам, ки бузург шуда дар заводи мошинсозӣ кор мекунам. Орзуҳои кӯдакиро бо сохтани электромобил бароварда кардам. Бо кумаки шогирдон давоми 5 моҳ ин электромобилро сохтам.”,-нақл кард Зикруллоҳхоҷа.

Баро иҷрои корҳои саҳро аз ҳамин мошини сохтааш истифода мекунад. Зикруллоҳхоҷа дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фуруғи маърифат” маҳз бо ҳамин ихтирооташ мақоми намоёнро соҳиб гардид.

Қаҳрамони мо чандин шогирд дошта, 3 нафари онҳо дар озмуну олимпиадаҳо иштирок ва мақомҳои ифтихориро касб кардаанд.

Ҳамарӯза бачаҳои деҳа баъди дарс ба наздам меоянд ва ба машғулиятҳои ман зеҳн мемонанд. Ман ҳар як амаламро бо камоли майл ба онҳо мефаҳмонам.”,-изҳор дошт Зикруллоҳхоҷа.

Агарчи пойи равон надорад, вале дилсард нест ва пайи амалисозии орзуҳои бузургаш талош меварзад.

Баҳруллои Маҳмадшариф

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад