МУВАФФАҚИЯТАбдураҳим соҳиби медали нуқра шуд

Абдураҳим соҳиби медали нуқра шуд

-

Абдураҳим Ёқубов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон аз рақиби қирғистониаш Алмаз Орозбеков бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда, мақоми дуввумро ишғол кард.

Кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар финали ҷавонон як варзишгари мо – Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60кг муҳориба карда, ҷои дуюмро ишғол намуд. 
Абдураҳим то ба финал расидан дар се муҳориба муқобили варзишгарони Тайланд (Паочанзуек Фиси), Ҳиндустон (Рудра Пратап Сингҳ), Узбекистон (Суҳроб Аминов) дастболо шудааст.
Миёни ҷавонон се варзишгари дигарамон — Юсуф Фозилов (-71кг), Нурланбек Эрматов (-75кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Варзишгаронамон миёни наврасон низ 4 медал ба даст оварданд: Анӯшервон Фозилов (-46кг) медали нуқра, Ҳангома Исоева (-57кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) медали биринҷӣ.
Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардида 11 март ба анҷом расид. Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок карданд.
Аз Тоҷикистон 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд ва бо 8 медал – 2 нуқра, 6 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
Хабари пешин
Хабари баъди

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад? Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби...

Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд

Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд. Масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи Парлумон Прокурори...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад