ОЛАМИ МАҶОЗӢҲукумати Австралия истифодаи DeepSeek-и чинӣ дар дастгоҳи давлатӣ манъ...

Ҳукумати Австралия истифодаи DeepSeek-и чинӣ дар дастгоҳи давлатӣ манъ кард

-

Ҳукумати Австралия истифодаи DeepSeek, як стартапи чинӣ дар соҳаи зеҳни сунъиро дар ҳама дастгоҳҳои давлатӣ манъ кард ва инро бо нигарониҳо дар робита ба амният асоснок намуд.

Вазири корҳои дохилӣ барои ҳама сохторҳои ҳукуматӣ фармони ҳатмӣ содир кард, ки «пешгирии истифода ё насби маҳсулот, барномаҳо ва веб-сервисҳои DeepSeek, инчунин нест кардани ҳама нусхаҳои мавҷудаи ин маҳсулот, барномаҳо ва веб-хадамотҳо аз ҳама системаҳо ва дастгоҳҳои ҳукуматиро» пешбинӣ мекунад.

Тони Берк, вазири корҳои дохилии ин кишвар изҳор доштааст, ки DeepSeek барои технологияҳои ҳукуматӣ «хатари ғайри қобили қабул» дорад. Тибқи хабарҳои расонаҳои австралиягӣ, қарори манъи фаврӣ ҳадафи «ҳимояи амният ва манфиатҳои миллии Австралия»-ро дорад.

Манъкунӣ ба дастгоҳҳои шахсони воқеӣ дахл надорад.

Ёдовар мешавем, ки ба кор андохтани DeepSeek дар моҳи гузашта боиси паст шудани саҳмияҳои ширкатҳои технологӣ дар саросари ҷаҳон гардид.

Австралия дар пайравӣ бо Италия DeepSeek чораҳои шабеҳ андешид. Як қатор кишварҳои дигари Аврупо ва минтақаҳои дигар низ фаъолияти ин ширкати AI-ро меомӯзанд. Тайван низ истифодаи DeepSeek-ро дар идораҳои давлатӣ манъ кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад