МУВАФФАҚИЯТ"Аз миллион яке" дар youtube дастрас шуд

«Аз миллион яке» дар youtube дастрас шуд

-

Шакли кинотеатрии филми ”Аз миллион яке» (Один на миллион) аз тариқи шабакаи ютуб дастрас гардид. Маркази байналмиллалии рушди инсон «Само»  ва Суғдсинамо тариқи саҳифаҳои ютубии хеш филмро нашр намуда, ҳушдор додаанд, ки онро нусхабардорӣ накунанд.

Муҳиддини Музаффар, коргардони филми мазкур ба «ҶОМ» гуфт, шакли бисёрсериягии он моҳи апрел дастрас хоҳад шуд.

Филми мазкур 1 — уми октябр дар шаҳри Москва, 2 — юми октябр дар шаҳри Қазон, 3 — юми октябр дар Новосибирск, 4 — уми октябр дар Екатеринбург, 5 — уми октябр дар Махаҷқалъаи Доғистон, 7 — уми октябр дар шаҳри Алма-Ато ва 21 – уми октябр  дар шаҳри Тошканд ба намоиш гузошта шуда буд.

Рӯзи 16 — уми октябр бахшида ба Рӯзи синамои тоҷик нахустнамоиши филм дар қасри Суруш бо иштироки созандагон ва ҳунармандони филм сурат гирифта, баъдан дар як қатор шаҳрҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Ин филми ҳунарии 95 дақиқагӣ солҳои 2019 ва оғози соли 2020 дар кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Амрико дар ҳамкорӣ бо маркази продюсерии “Футура Магнум” ва ситораҳои синамои ин кишварҳои пасошӯравӣ наворбардорӣ шудааст. Муҳиддини Музаффар мегӯяд, бо наворгирии филми “Пайраҳаи мураббӣ” дар шакли русӣ “Один на миллион”  талош кард образи чеҳраи тоҷикеро, ки дар гузашта дар чанде аз кишварҳо ҳамчун муҳоҷир аксаран мешинохтанд то ҷое иваз кунад. 

“Ин филм дар бораи як тоҷике аст, ки азобҳои зиёдро пушти сар карда тавонистааст, ки дар дунё худашро муаррифӣ кунад ва ҳазорон пайрав дошта бошад. Тавонистааст, ки ҳазорон нафарро аз қарз барорад. Мақсади асосии мо иваз кардани образи тоҷике, ки ҳамчун аробакашу сохтмончӣ мешиносанд бо ин роҳ иваз кардан ва як хишт гузоштан аст”.

Филм дар асоси воқеаҳои реалӣ наворбардорӣ шудааст. Қисме аз филм бозгӯйи солҳои 1978-и деҳаи кӯҳистонии Дарғи ноҳияи Айнӣ аст, ки дар як хонаводаи оддӣ тифле тавлид мешавад ва ба ӯ Саидмурод ном мегузоранд. Ҳамагӣ дар яксолагии кӯдак падараш ба таври фоҷиавӣ мефавтад ва тарбияи ӯ ба дӯши модар меафтад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
Хабари пешин
Хабари баъди

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад