НАВИД4421 нафар унвондор дар Тоҷикистон

4421 нафар унвондор дар Тоҷикистон

-

Ҳоло дар Тоҷикистон 4421 нафар унвондор  фаъолият менамояд, ки аз онҳо 839 нафар доктори илм ва 3582 нафар номзади илм будаанд. Аз ин шумора дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар 4312 нафар соҳиби унвони илмӣ буда, аз онҳо 824 нафар доктори илм ва 3488 нафар номзади илм фаъолият мекунанд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 54 шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти  Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, аз рӯи 145 ихтисосҳои анъанавӣ ва 122 ихтисосҳои доктори фалсафа (PhD) рисолаҳои номзадӣ ва докториро ба ҳимоя қабул менамоянд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз 1082 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Аз ҷумла, дар самти илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникӣ ҳамагӣ 245 нафар, ки аз ин шумора 218 рисолаи номзадӣ, 21 рисолаи докторӣ ва 6 рисолаи доктори фалсафа, аз рӯйи ихтисос (PhD), дар самти илмҳои ҷамъияти гуманитарӣ ҳамагӣ 657 нафар, ки аз ин шумора 575 рисолаи номзадӣ, 51 рисолаи докторӣ ва 31 рисолаи доктори фалсафа, аз рӯйи ихтисос (PhD) ва дар самти илмҳои тиббӣ, байторӣ, фарматсевтӣ ва аграрӣ ҳамагӣ 180 нафар ҳимоя кардааст, ки аз ин шумора 157 рисолаи номзадӣ, 18 рисолаи докторӣ ва 5 рисолаи доктори фалсафа, аз рӯйи ихтисос (PhD мебошад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад