НАВИДСаймумин Шведро дар бокс низ шикаст дод (Видео)

Саймумин Шведро дар бокс низ шикаст дод (Видео)

-

Акс аз навори видеоӣ

Саймумин Мадиев, узви толори варзишии «Ризван ММ» дар бокс низ рақибаш Игор Шведро шикаст дод.

Муҳорибаи ин нафарро дар майдони бокс Ризвон Ошурмамадов, устоди Саймумин аз тариқи шабакаи ютуби хеш ба нашр расонидааст.

Дар навор дида мешавад, ки дар ду давр Саймумин чолокона ҳуҷум намуда, имконияте барои ҳарифаш намедиҳад.

Муҳориба дар майдони бокс бо хоҳиши Швед сурат гирифта, ӯ баъди шикасташ дар маҳорибаҳои омехта таъкид варзида буд, ки дар майдони бокс Саймумин тоб намеорад.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январ блогери рус Игор Швед дар набард аз варзишгари муҳорибаҳои омехта Саймумин Мадиев шикаст хӯрд ва тамошобинони зиёди клуби Hype Fighting Championship-ро шод кард. 

Қади Игор аз Саймумин баландтар ва вазнаш бештар аст, вале бо вуҷуди ин, дар майдони ҳашткунҷа шикаст хӯрд.

Қабл ва баъд аз муҳориба Швед Саймуминро  таҳқир мекард, вале варзишгари тоҷик оромона, бидуни эҳсосот ба ҳарифаш посӯх медод, ки ин амалаш дар шарҳо зиёд тавсиф гардидааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад