НАВИДВазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз донишҷӯён хост ба...

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз донишҷӯён хост ба Қирғизистон сафар накунанд

-

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, даъват намуд, ки то мӯътадил шудани вазъ аз сафар ба ин кишвар худдорӣ варзанд.
Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ ба расонаҳо муроҷиат намуд то ин суханонаш ба ин донишҷӯён расонида шавад ва ин ба хотири амнияти худи онҳост.
Ӯ гуфт, ба аксарияти донишҷӯёни баргашта шароит фароҳам шуд то дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба таҳсил идома диҳанд. Гарчанде беш аз 400 нафарашон ҳеҷ гуна санади собиткунанда дар даст надоранд, ки дар кадом донишгоҳи Қирғизистон таҳсил доштанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ дар як баёнияе эълон кардааст, ки «дар қаламрави Қирғизистон ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд» ва ба ин хотир ин ниҳоди давлатӣ аз шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд.
Акс аз сомонаи Вазорати маориф ва илми ҶТ
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад