НАВИД"Меъмор" сармураббии тими миллии Тоҷикистон

«Меъмор» сармураббии тими миллии Тоҷикистон

-

Петр Сегрти 55-солаи хорватӣ сармураббии тими миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, ки ин нафар тими миллии моро ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2023 омода менамояд. 

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 январ дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» баргузор шуд, ҳамзамон, Петр Сегрт, ки муҷаввизи мураббигии “Pro”-и УЕФА-ро дорад, сарвари нави тими миллии Тоҷикистон таъин шуд.

«Петр Сегрт 8 майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ карда, инчунин фаъолияти мураббигии худро низ аз он ҷо оғоз кардааст. Соли 1996 мутахассиси ҷавонро Клаус Топмёллер, ки қаблан бо ӯ дар “Валдхоф” фаъолият карда буд, ба “Бохум” даъват намуд. Баъдтар Шегрт узви ситоди мураббиёни дастаҳои “Дуйсбург” ва “Валдхоф” шуд ва сипас мустақилона бошгоҳҳои Австрияи “Леобен”, “Рид” ва “Винер Спорт-Клуб”-и Австрияро роҳбарӣ кард.»-хабар медиҳад ФФТ.

Ин нафар муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор карда, барои ин лақаби «меъмор»-ро гирифтааст.

Соли 2006 бо даъвати Топмёллер Сегрт ба Гурҷистон кӯчид ва дар он ҷо дастаи ҷавонони ин кишварро роҳбарӣ намуд. Баъди рафтани ҳамватанаш Петр Сегрт ба ҳайси сармураббӣ дар ду бозӣ тими миллии Гурҷистонро роҳбарӣ кард. Пас аз тарк кардани Гурҷистон, Сегрт чанд сол дар бошгоҳҳои футболи “Бали Девата” ва “ПСМ Макассар”-и Индонезия кор кард. Мутахассиси хорватӣ тими миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ тими Молдивро роҳбарӣ карда, бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад