МУВАФФАҚИЯТКамила Каримова: нигоҳи ҷомеа аҷиб, вале мусбат аст!

Камила Каримова: нигоҳи ҷомеа аҷиб, вале мусбат аст!

-

Камила Каримова

Камила Каримова хонандаи синфи 10-и мактаби назди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буда, як солу чаҳор моҳ аст, ки бо гитор “дӯстӣ” дорад. Ҳарчанд аз овони кӯдакӣ ба омӯхтани асбобҳои мусиқӣ майл дошт, аммо имкони харидории пионинаро пайдо накард. Зеро, оилаи Камила макони зисташонро зуд-зуд иваз мекарданд ва ин ҷойивазкунӣ низ сабаби дертар ба дунёи санъат ворид шудани ӯ ба ҳисоб меравад.

Камила гиторро хуб менавозад вале идао намекунад, ки навозандаи моҳире гардидааст:

“Ман даъво надорам, ки аз уҳдаи гиторнавозӣ мебароям, балки ҳоло дар ин ҷода навроҳам ва кӯшиш мекунам, ки ҳамарӯза чизи наверо омӯзам, маҳоратамро такмил диҳам.”

Камила асосан “фингерстайл” тамрин мекунад. Ҳамчунин барои дарку истифодаи мусиқиҳои рок, оҳанги суруди гурӯҳҳои Arctic monkeys, Metallica, Kaleo, Nirvana ба услуби “басс” ва “электро”-ро машқ мекунад.

Муносибати ҷомеа бо ӯ ҳамчун духтари гиторнавоз якранг нест: “Вақте баъзеҳо мефаҳманд, ки ман гиторнавозам, ҳайрон мешаванд ва вақте ба гиторнавозӣ мепардозам, тааҷҷуб мекунанд. Нигоҳи аксарият мусбат буда, наворҳоям дар Instagram хуб пазируфта мешавад. Аз мардум шикояте надорам, баръакс, онҳо маро хуб қабул мекунанд. Махсусияти кори ман дар он аст, ки натанҳо се-чор аккорд” медонам, балки бо услуби “фингерстайл” менавозам.”

Камила то як соли пеш ба курси гиторнавозӣ мерафт ва ҳоло мустақилона ҳунарашро сайқал медиҳаду орзуи иштирок дар озмунҳоро дорад.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола...

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто...

Афв нисбат ба ҳудуди 19 ҳазор тадбиқ мегардад

Баъд аз онки Парлумон қонун «Дар бораи авф»-ро дирӯз, 16 июн баррасӣ ва қабул кард, фавран ин қонун аз...
spot_imgspot_img

Ҷангалбонҳо не, ҷангалбурҳо зиёд шудаанд…

Ё чаро табиат рӯз то рӯз ҳомии худро аз даст медиҳад? Дарахтон бесадо меафтанд. Ҷангалҳо ҳар сол махсусан дар ҷануби...

Қонун “Дар бораи афв” қабул шуд

Қонун “Дар бораи афв” ба муносибати 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ шуд. Масъалаи рӯзномаро дар ҷаласаи Парлумон Прокурори...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад