МУВАФФАҚИЯТКамила Каримова: нигоҳи ҷомеа аҷиб, вале мусбат аст!

Камила Каримова: нигоҳи ҷомеа аҷиб, вале мусбат аст!

-

Камила Каримова

Камила Каримова хонандаи синфи 10-и мактаби назди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буда, як солу чаҳор моҳ аст, ки бо гитор “дӯстӣ” дорад. Ҳарчанд аз овони кӯдакӣ ба омӯхтани асбобҳои мусиқӣ майл дошт, аммо имкони харидории пионинаро пайдо накард. Зеро, оилаи Камила макони зисташонро зуд-зуд иваз мекарданд ва ин ҷойивазкунӣ низ сабаби дертар ба дунёи санъат ворид шудани ӯ ба ҳисоб меравад.

Камила гиторро хуб менавозад вале идао намекунад, ки навозандаи моҳире гардидааст:

“Ман даъво надорам, ки аз уҳдаи гиторнавозӣ мебароям, балки ҳоло дар ин ҷода навроҳам ва кӯшиш мекунам, ки ҳамарӯза чизи наверо омӯзам, маҳоратамро такмил диҳам.”

Камила асосан “фингерстайл” тамрин мекунад. Ҳамчунин барои дарку истифодаи мусиқиҳои рок, оҳанги суруди гурӯҳҳои Arctic monkeys, Metallica, Kaleo, Nirvana ба услуби “басс” ва “электро”-ро машқ мекунад.

Муносибати ҷомеа бо ӯ ҳамчун духтари гиторнавоз якранг нест: “Вақте баъзеҳо мефаҳманд, ки ман гиторнавозам, ҳайрон мешаванд ва вақте ба гиторнавозӣ мепардозам, тааҷҷуб мекунанд. Нигоҳи аксарият мусбат буда, наворҳоям дар Instagram хуб пазируфта мешавад. Аз мардум шикояте надорам, баръакс, онҳо маро хуб қабул мекунанд. Махсусияти кори ман дар он аст, ки натанҳо се-чор “аккорд” медонам, балки бо услуби “фингерстайл” менавозам.”

Камила то як соли пеш ба курси гиторнавозӣ мерафт ва ҳоло мустақилона ҳунарашро сайқал медиҳаду орзуи иштирок дар озмунҳоро дорад.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад