МУВАФФАҚИЯТМуҳаммад Холов: ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешавам!

Муҳаммад Холов: ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешавам!

-

Муҳаммад Холов пас аз 16 соли ноумедӣ, тангдастӣ ва сарсонию бенавоӣ тавонист дар Озмуни Central Asia’s Got Talent ширкат намояд ва дубора ба зиндагии муқаррарӣ дилгарм шавад. Бо қарори якдилонаи ҳайати ҳакамон ба даври ниҳоӣ роҳхат ба даст овард. Ӯ дар озмун суруди касеро бозхонӣ накард, балки зиндагии талхи хешро бо оҳанг қисса кард.

Муҳаммад ҳоло бо тамоми нерӯ ба даври ниҳоии Central Asia’s Got Talent омодагӣ мегирад.

Ин ҳунарманд мегӯяд, озмун зиндагии ӯро куллан тайғир дод, афродеро, ки гум карда буд, пайдо намуд, бисёриҳо ӯро дубора ба хотир оварданду аз нав маҳбубият касб кард.

Муҳаммад Холов 11 сенябри соли 1974 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, дар даҳаи охири қарни гузашта бо шӯхӣ ва тақлидҳояш дар ҳайати гурӯҳи ҳаҷвии Ғарибшо маҳбубият ба даст оварда буд.

Дар тӯй ва маъракаҳо иштирок ва табъи мардумро болида месохт. Дар авҷи шӯҳрат ба садамаи нақлётӣ дучор шуд. Баъд аз ин ҳодиса зиндагиаш куллан тайғир ёфт. Муҳаммад саҳнаро тарк кард, зеро, роҳ рафтан барояш душвор шуда буд. Дигар ба тӯю маъракаҳо намерафт, базмҳо бидуни иштироки ӯ доир мешуданд. Ба қавли ӯ, тӯли ин 16 сол аз бисёр шебу фарозҳоро гузашт, бархе ӯро тарк карданду чеҳраи аслии бисёриҳо барояш ошкор шуд.

 Муаллиф: Муҳаммад Маҳмадзода

Акс аз Хабаргузории «your.tj»

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад