12-уми октябри соли 2026 дар Вазорати фарҳанг бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҳаст, ҷаласаи комиссияи ин озмун доир гардида бобати омодагиҳо ба даври сеюми озмун суҳбат шудааст. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар ҷаласа гузориши Матлубхон Сатториён, вазири фарҳанг вобаста ба баргузории давраҳои якум ва дуюми озмун, инчунин оид ба тадбирҳои омодагӣ ба баргузории даври ниҳоии озмун шунида шудааст.
Ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун ва комиссияи аппелятсионӣ низ муаррифӣ шуданд.
Дар зимн, Дилрабо Мансурӣ вобаста ба шаффоф ва дар сатҳи баланди эҷодӣ ва ташкилӣ доир гардидани даври ниҳоии озмун ба масъулин ва ҳайати ҳакамон дастур додааст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!