Риёзидон Левент Алпёге изҳор доштааст, ки бо ёрии чат-боти Claude тавонистааст исботи яке аз ҳафт масъалаи Ҳазорсолаи математика — фарзияи Риманро таҳия кунад. Ин масъала беш аз 160 сол боз таваҷҷуҳи олимонро ба худ ҷалб карда, то ҳол ҳалли ниҳоии худро наёфтааст.
Ахиран Левент Алпёге ёддошти илмии чорсаҳифагӣ нашр карда, изҳор дошт, ки бо ёрии модели ҳуши маснӯии Claude, тавонистааст фарзияи мазкурро исбот кунад.
Ӯ дар ин бора навиштааст: «Мо дар чанд моҳи охир бо Claude дар ҳалли масъалаҳои гуногун ҳамкории хеле хуб доштем. Аммо ин дафъа, дар марҳилаи ниҳоӣ, Claude маро хеле пеш гузашт…»
Фарзияи Риманро риёзидони олмонӣ Бернҳард Риман соли 1859 дар як мақолаи илмӣ пешниҳод карда буд. Он ба қонуниятҳои тақсимшавии ададҳои аввалия дар ҳолате дахл дорад, ки онҳо ба беохирӣ наздик мешаванд.
Аммо иддаои исботи фарзияи Риман ҳанӯз маънои онро надорад, ки ҷомеаи илмӣ онро эътироф кардааст. Барои тасдиқи чунин кашфиёт санҷиши мустақили исбот ва баррасии он аз ҷониби мутахассисон зарур аст.



