МУВАФФАҚИЯТKing’s Cup 2026: Пирӯзии тими мо бар тими тими...

King’s Cup 2026: Пирӯзии тими мо бар тими тими миллии Уммон

-

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский дар бозии даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» бар тими миллии Уммон пирӯз шуда, ба финали мусобиқа роҳ ёфт.
Вохӯрӣ имрӯз, 14 ноябр дар варзишгоҳи Сисакет баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби мо анҷом ёфт. Ягона голи вохӯриро Шериддин Бобоев ба самар расонд. Ӯ дар дақиқаи 60-ум пеналтиро ба гол табдил дод.
Дар финали мусобиқаи «King’s Cup 2026» мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Тайланд нерӯ месанҷад, ки дар бозии дигари ниманиҳоӣ бар мунтахаби Бруней бо ҳисоби калони 6:0 пирӯз шуд.
Бозии ниҳоӣ миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Тайланд 17 ноябр соати 17:30 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барномаи муштараки мубориза бо тағйирёбии иқлимро оғоз карданд

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барномаи минтақавии «Манзараҳои устувори иқлимии Осиёи Марказӣ» (CLiCA)-ро оғоз карданд. Ҳадафи он барқарорсозии экосистемаҳои осебдида,...

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...
spot_imgspot_img

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад