ВАРЗИШНамояндаи бошгоҳҳои касбии Конфедератсияи футболи Осиё дар Тоҷикистон

Намояндаи бошгоҳҳои касбии Конфедератсияи футболи Осиё дар Тоҷикистон

-

Махаҷан Васудеван Наир, сардори департаменти иҷозатномадиҳии бошгоҳҳои касбии Конфедератсияи футболи Осиё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.

Зимни сафар Маҳаҷан Васудеван Наир бо директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва мутахассисони Лига мулоқоти корӣ доир намуда, дар он натоиҷи иҷозатдиҳии бошгоҳҳои ширкаткунандаи мусобиқоти таҳти сарпарастии ФЛТ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Намояндаи AFC аз вазъи кор ва натиҷаҳои кори ФЛТ дар соҳаи иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо ва риояи тамоми муқаррарот ва талаботи АФК дар соҳаи муҷаввиз ба бошгоҳҳои касбӣ изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Ҳамчунин як қатор масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани навоварӣ дар раванди иҷозатномадиҳии клубҳо ва талаботи низомнома ва сиёсати иҷозатномадиҳӣ баррасӣ шуданд.

Дар доираи сафари корӣ сардори Раёсати литсензиядиҳии клубҳои АФК аз Истиклол, Хуҷанд, ССКА ва «Регар-ТадАЗ» дидан карда, бо инфрасохтори бошгоҳҳо, варзишгоҳҳо, ҳайати кадрӣ ва ҳуҷҷатҳои маъмурӣ шинос шудааст

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад