Эрон шоми 21 ноябр бо истифодаи дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад. Дар ин ҷо қароргоҳи Флоти панҷуми Нерӯи баҳрии ИМА ҷойгир аст. Хабаргузории нимарасмии Форс навиштааст, ки низомиёни эронӣ ба чор пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн ҳамла кардаанд. Аз ҷумла «Шайх Исо» ва «Ҷуффайр» номбар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Баҳрайн хабар доданд, ки низоми мудофиаи ҳавоии онҳо зарбаҳои эрониро рафъ кардааст. Низомиёни амрикоӣ дар ҳафтаҳои охир мунтазам ба иншооти низомии эронӣ зарба мезананд.
21 ноябр дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз се нафтбар мавриди ҳамла қарор гирифт. Маркази амнияти баҳрии низомии Британия (UKMTO) хабар додааст, ки субҳи барвақти рӯзи шанбе ба ду нафтбаре, ки аз Халиҷи Форс тавассути гулӯгоҳ мегузаштанд, ҳамла шуд.
Нерӯи баҳрии Эрон дар эъломияе, ки расонаҳои давлатӣ пахш карданд, гуфт, ки яке аз нафтбар дар шарқи гулӯгоҳ ба минаи баҳрӣ бархӯрда ва оташ гирифтааст. Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Эрон рӯз 21 ноябр бори дигар ба Амрико ҳушдор додааст, ки ҳар гуна зарба ба Эрон бо «посухи қатъӣ ва фаврӣ» рӯ ба рӯ мешавад, зеро «мо назар ба гузашта хеле қавитар ҳастем».
Дар назди ҷазираи Хорг беш аз 14 нафтбари эронӣ барои шикастани муҳосираи низомии амрикоӣ дар рӯзҳои наздик омодагӣ мебинанд Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон хабар додааст, ки Теҳрон ба Иёлоти Муттаҳида дар бораи баромадани корвони эронӣ ба баҳр ҳушдор додааст. Институти омӯзиши ҷанг дар Вашингтон уфтааст, «кӯшишҳои Эрон барои шикастани муҳосира Иёлоти Муттаҳидаро бо як қатор дилеммаҳо рӯ ба рӯ мекунад: ё шикасти муҳосира, ё бозгашт ба ҷанг, ки барои ИМА хароҷоти номатлуби сиёсӣ эҷод карда, муносибатҳои онро бо иттифоқчиёнаш дар Халиҷи Форс печида мекунад».



