ОЛАМИ МАҶОЗӢҲамлаҳои ҳакерӣ ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР: ...

Ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР: ҳакерҳо ба маълумот дастрасӣ пайдо кардаанд

-

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки эҳтимолан ҳакерҳо ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) ворид шуда, ба маълумоти он дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ин ниҳод ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
 
Трамп рӯзи 21 ноябр дар мусоҳиба бо шабакаи Fox News гуфт: «Мо тоза аз ин хабар ёфтем. Ва бояд бигӯям, ки ин кори хуб нест. Ба ман маъқул нест».
 
Аммо ӯ дар идома афзудаст, ки шояд онҳо чизҳоеро ошкор кунанд, ки дар акси ҳол ҳеҷ гоҳ аз онҳо огоҳ намешуда бошанд.
Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) як пойгоҳи компютерии маълумот дар соҳаи адолати судӣ буда, сабтҳои марбут ба таърихи ҷиноят, шахсони таҳти ҷустуҷӯ, гумшудагон, амволи дуздидашуда ва дигар маълумотро дар бар мегирад.
 
Хабарҳо дар бораи эҳтимоли ҳакерӣ дар ҳоле нашр шуданд, ки дар ИМА як силсила халалдоршавии низомҳои рақамӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин мушкилот ба соҳаҳои нақлиёт, алоқа, низоми бонкӣ ва ҳамчунин низоми дохилии Агентии амнияти миллӣ таъсир расонидаанд.
 
Дар пайи афзоиши мушкилоти сайберамният, Шон Кернкросс, директори миллии амнияти сайберии ИМА аз вазифааш барканор шудааст. Трамп 20 ноябр ба хабарнигорон гуфтааст, ки ӯ ин шахсро барои мансаби мазкур ба қадри кофӣ муносиб намедонист.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Эрон бо истифода аз дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад

Эрон шоми 21 ноябр бо истифодаи дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад. Дар ин ҷо қароргоҳи...

Ҳуши маснӯӣ ва яке аз муаммоҳои бузурги риёзиёт

Риёзидон Левент Алпёге изҳор доштааст, ки бо ёрии чат-боти Claude тавонистааст исботи яке аз ҳафт масъалаи Ҳазорсолаи математика -...

Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифтааст, ки 2 миллиард бех дарахт шинонад

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ платформаи минтақавии инноватсияҳои сабз таъсис дода шавад. Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалби...

Сардори Хадамоти алоқа: муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намоянд!

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» боздид карда, бо вазъи шабакаҳо, сифати...
spot_imgspot_img

Хотираи чашмаҳои хушкшуда

Набиҷони Саидаброр ҳамагӣ 26 сол дорад, вале чашмаҳоеро, ки дар деҳаи Садбарго хушк шуданд, ба ёд оварда метавонад. Замоне...

Навсозии номуваффақи Apple дар пасманзари як қатор қатъшавиҳои бузурги хизматрасониҳо дар рӯзҳои охир боис шуд

Пас аз насби навсозӣ аз ҷониби Apple, як қатор хизматрасониҳои он дар интернет ба таври васеъ аз кор монданд....
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад