ОЛАМИ МАҶОЗӢҚонуни нав дар Австралия. Ширкатҳои бузурги технологиро ҷаримаҳои миллиарддолларӣ...

Қонуни нав дар Австралия. Ширкатҳои бузурги технологиро ҷаримаҳои миллиарддолларӣ интизор аст

-

Парлумони Австралия 25 ноябр қонун дар бораи амнияти интернетиро қабул кард, ки бар асоси он ширкатҳои бузурги технологӣ метавонанд барои риоя накардани талаботи бехатарии онлайн ба ҷаримаҳои чандмиллиарддолларӣ рӯ ба рӯ шаванд. Дар ин бораи euronews.com хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ҳукумати Австралия, Қонун дар бораи уҳдадории рақамӣ ширкатҳои бузурги технологиро вазифадор мекунад, ки пеш аз рух додани ҳодисаҳои зараровар хатарҳои эҳтимолиро муайян ва барои пешгирӣ аз онҳо чора андешанд.

Сарвазири Австралия Энтони Албанезе зимни суханронӣ дар парлумон гуфтааст, ки ин қонун «воситаи муассир барои ҳифзи кӯдакон ва ҷомеаи мо аз таҳдидҳои интернетӣ хоҳад буд ва масъулияти фароҳам овардани муҳити бехатари онлайнро ба дӯши платформаҳои технологӣ мегузорад».

Қонуни мазкур ба Қонун дар бораи хизматрасониҳои рақамии Иттиҳоди Аврупо ё DSA, ки соли 2022 қабул шудааст, инчунин Қонун дар бораи амнияти онлайн дар Британияи Кабир, ки соли 2023 тасвиб гардид, шабоҳат дорад.

Тибқи иттилои ҳукумати Австралия, қонуни нав меъёрҳои ҳадди ақали бехатариро барои хизматрасониҳои онлайнӣ, аз ҷумла бозиҳо, барномаҳо ва чат-ботҳои зеҳни сунъӣ муқаррар мекунад. Ин хизматрасониҳо вазифадор мешаванд, ки корбарони Австралияро аз муҳтавои зараровари ҷиддӣ ва рафторҳои хатарнок дар интернет ҳифз намоянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Муовини шаҳрдорӣ: Душанбе метавонад аз таҷрибаи Сеул ва Тошканд барои ислоҳоти нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунад

Дар Душанбе 91 хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият дошта, шумораи автобусу троллейбусҳои дар тавозуни корхонаҳои коммуналӣ қарордошта ба 729 адад...

Дар Амрико Huawei-ро барои дуздии сирри тиҷоратӣ гунаҳкор донистанд

Ширкати бузурги технологии чинии Huawei аз ҷониби ҳайати ҳакамони ИМА дар дуздии сирри тиҷоратӣ ва қаллобӣ нисбат ба бонкҳо...

Консерт дар Порис бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём

25 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти...

Эрон бо истифода аз дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад

Эрон шоми 21 ноябр бо истифодаи дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад. Дар ин ҷо қароргоҳи...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР: ҳакерҳо ба маълумот дастрасӣ пайдо кардаанд

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки эҳтимолан ҳакерҳо ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) ворид шуда, ба маълумоти он...

Ҳуши маснӯӣ ва яке аз муаммоҳои бузурги риёзиёт

Риёзидон Левент Алпёге изҳор доштааст, ки бо ёрии чат-боти Claude тавонистааст исботи яке аз ҳафт масъалаи Ҳазорсолаи математика -...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад