ҲАЁТИ СОЛИММуовини шаҳрдорӣ: Душанбе метавонад аз таҷрибаи Сеул ва Тошканд...

Муовини шаҳрдорӣ: Душанбе метавонад аз таҷрибаи Сеул ва Тошканд барои ислоҳоти нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунад

-

Дар Душанбе 91 хатсайри нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият дошта, шумораи автобусу троллейбусҳои дар тавозуни корхонаҳои коммуналӣ қарордошта ба 729 адад мерасад. Бо вуҷуди ин, барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, мунтазамии ҳаракат ва коҳиш додани вақти сафар дар пойтахт ислоҳоти низоми нақлиётӣ зарур арзёбӣ мешавад.

Раҳмиддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе дар як матлаб зарурати истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои Тошканд ва Сеулро барои рушди нақлиёти ҷамъиятии пойтахт баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар Душанбе 33 хатсайри автобусӣ, 9 хатсайри троллейбусӣ ва 49 хатсайри микроавтобусӣ фаъолият мекунанд. Дар тавозуни корхонаҳои коммуналӣ 624 автобус ва 105 троллейбус мавҷуд аст. Ҳамзамон, хариди электробусҳо ва рушди нақлиёти барқӣ ҳамчун яке аз роҳҳои коҳиш додани ифлосшавии ҳаво пешбинӣ шудааст.

Дар самти рақамикунонӣ низ низоми GPS, платформаи NIMBUS, пардохти электронии роҳкиро ва чароғакҳои интеллектуалӣ ҷорӣ гардидаанд. Аммо масъалаи асосӣ ҳамгиро кардани ин технологияҳо дар доираи як низоми ягонаи идоракунӣ мебошад.

Муаллифи матлаб таҷрибаи Тошкандро дар рушди ҳамзамони автобусу метро ва таҷрибаи Сеулро дар ташкили низоми ягонаи идоракунии нақлиёт намуна овардааст. Аз ҷумла, дар Сеул ислоҳоти соли 2004, роҳандозии хатҳои махсуси автобусгард ва таъсиси маркази интеллектуалии идоракунии ҳаракат (TOPIS) ба беҳтар шудани хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат кардаанд.

Ҳамчунин, дар Душанбе лоиҳаи «Экомобилитии шаҳри Душанбе» бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд амалӣ мешавад. Он хариди электробусҳо, ташкили долонҳои сабз ва насби чароғакҳои интеллектуалиро дар бар мегирад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Дар Амрико Huawei-ро барои дуздии сирри тиҷоратӣ гунаҳкор донистанд

Ширкати бузурги технологии чинии Huawei аз ҷониби ҳайати ҳакамони ИМА дар дуздии сирри тиҷоратӣ ва қаллобӣ нисбат ба бонкҳо...

Қонуни нав дар Австралия. Ширкатҳои бузурги технологиро ҷаримаҳои миллиарддолларӣ интизор аст

Парлумони Австралия 25 ноябр қонун дар бораи амнияти интернетиро қабул кард, ки бар асоси он ширкатҳои бузурги технологӣ метавонанд барои...

Консерт дар Порис бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём

25 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти...

Эрон бо истифода аз дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад

Эрон шоми 21 ноябр бо истифодаи дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад. Дар ин ҷо қароргоҳи...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР: ҳакерҳо ба маълумот дастрасӣ пайдо кардаанд

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки эҳтимолан ҳакерҳо ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) ворид шуда, ба маълумоти он...

Ҳуши маснӯӣ ва яке аз муаммоҳои бузурги риёзиёт

Риёзидон Левент Алпёге изҳор доштааст, ки бо ёрии чат-боти Claude тавонистааст исботи яке аз ҳафт масъалаи Ҳазорсолаи математика -...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад